Пешниҳоди гирифтани рухсатии академӣ ба донишҷӯёни хориҷии мактабҳои олии Русия

Сафорати Русия дар Тоҷикистон вазъи марбут ба донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии ин кишвар таҳсил карда, барои таҳсил бо сабабҳои маълум ба Русия рафта натавонистанд, шарҳ дод. “Пеш аз ҳама, таваҷҷуҳатонро ба он ҷалб карданием, ки дар Русия вазъи душвори эпидемиологӣ боқӣ мемонад ва бар асари он, дар аксари мактабҳои олӣ, пеш аз ҳама […]

Сафорати Русия дар Тоҷикистон вазъи марбут ба донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии ин кишвар таҳсил карда, барои таҳсил бо сабабҳои маълум ба Русия рафта натавонистанд, шарҳ дод.

“Пеш аз ҳама, таваҷҷуҳатонро ба он ҷалб карданием, ки дар Русия вазъи душвори эпидемиологӣ боқӣ мемонад ва бар асари он, дар аксари мактабҳои олӣ, пеш аз ҳама воқеъ дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург дарсҳо бевосита дар бинои ин муассисаҳо қатъ шуда, эҳтимол меравад, ки дар дигар минтақаҳо низ чунин тадбирҳо андешида шавад”, – омадааст дар маълумоти сафорат.

Дар он инчунин ба гуфтаҳои вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков дар бораи омода набудани аксари мактабҳои олии Русия ба қабули донишҷӯён аз кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил дар шакли маъмулӣ ишора мешавад.

“Изҳороти мазкур дар навбати аввал ба зарурати ҳифзи солимии донишҷён ва омӯзгорон асос ёфтааст. Вазорати маориф, Россторудничество ва муассисаҳои таълимоти олии Русия ба таҳсили минбаъдаи донишҷӯёни хориҷӣ дар кишвари мо манфиатдоранд”, – қайд мешавад дар он.

Бино ба маълумоти сафорат, Вазорати маорифи Русия оид ба ташкили самараноки таҳсили фосилавӣ тавсияҳо дода, инчунин ваъда дод, ки ҷойҳои буҷетӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ, ки ба Русия рафта наметавонанд ва бо сабаби сифати начандон хуби алоқа душворӣ доранд, нигоҳ дошта мешавад.

“Дар ҳамин ҳол, дар бисёре аз мактабҳои олӣ муддати ду-се ҳафтаи наздик имтиҳонот (сессия)-и зимистона оғоз гмегардад, ки ба таҳсили минбаъдаи донишҷӯёни хориҷӣ бетаъсир буда наметавонад. Дар сурати насупоридани имтиҳоноти зимистона, донишҷӯён натанҳо ба супурдани ин қарз дар муҳлатҳои муқарраршуда, балки ҳамзамон азхуд кардани нақшаи таълимии ҷорӣ низ уҳдадор мешаванд. Агар донишҷӯ аз уҳдаи ҳалли ин вазифаҳо набарояд, мутаассифона, маъмурияти мактаби олӣ ба хориҷ кардани ӯ барои ғайриқаноатбахш будани давомот маҷбур мешавад”, – қайд мешавад дар хабар.

Дар он ҳамчунин таъкид мешавад, ки сарфи назар аз чунин ҳолат, муасисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯён ҳамчун иштирокчиёни ҷараёни таълим ба риояи меъёрҳои қонунгузории Русия уҳдадоранд, ки дар он аз ҷумла аз рӯйи виҷдон ва софдилона азхуд кардани барномаи таълимӣ талаб карда мешавад.

Дар чунин шароити ғайримунтазира, ки иҷрои чунин талабот хеле душвор аст, раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ҳарчи бештар ба донишҷӯёни хориҷӣ пешниҳод мекунанд, ки рухсатии академӣ гиранд. Гирифтани рухсатии академӣ ихтиёрӣ ва бар асоси аризаи донишҷӯ дода мешавад.

Баромадан ба рухсатии академӣ як қатор афзалиятҳо дорад: байни донишҷӯ ва мактаби олӣ робита канда намешавад, донишҷӯён ба гузаштани аттестатсияи фосилавӣ (миёндаврӣ) уҳдадор намешаванд, имкони техникии азхудкунии давраи назариявии барномаи таълимӣ дар шакли фосилавӣ боқӣ мемонад, пас аз барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон донишҷӯён дар ҳама гуна ҳолат ба азхудкунии маводи таълимӣ баргашта метавонанд.

Сафорат ба донишҷӯён, аспирант ва ординаторҳои мактабҳои олии Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, тавсия медиҳад, ки ҷиҳати баррасии вариантҳои ҳалли ин масъалаи душвор ба деканатҳои худ муроҷиат намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.