232 шаҳрванди Тоҷикистон марзи Қазоқистонро ғайриқонунӣ гузаштаанд

Date:

Замони пандемия 232 шаҳрванди Тоҷикистон бо роҳи фиреб ба Қазоқистон ворид шуданд, навиштааст дар саҳифаи Facebook раиси Сарпрокуратураи нақлиёти Қазоқистон Ернат Сибанқулов.

“Таҳлилҳои мо аз ҷой доштани далелҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба воситаи додани маълумотномаҳои қалбакии тиббӣ ба 232 шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи гузаштани муолиҷа дар муассисаҳои тиббии Қазоқистон гувоҳӣ медиҳанд”, – иброз доштааст Сибанқулов.

Ӯ қайд кардааст, ки аз 13 майи соли ҷорӣ бо қарори Комиссияи байниидоравии назди ҳукумати Қазоқистон гузаштани сарҳади давлатӣ барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ба ҷуз шахсоне, ки барои табобат ба муассисаҳои тиббии Қазоқистон меоянд, маҳдуд карда шудааст.

“Бо ташаббуси прокуратура мувофиқи моддаи 394, қ. 2 Кодекси ҷиноятӣ (ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ) тафтишоти тосудӣ оғоз гардид, ки он ба уҳдаи шуъбаи пулиси фурудгоҳи шаҳри Алмато вогузор шуд. Мутобиқи меъёрҳои қонун, далелҳои содир шудани ин амалҳо аз ҷониби хориҷиён таҳқиқ мешаванд”, – илова кардааст ӯ.

Мувофиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ, Қазоқистон то 40 ҳазор муҳоҷиронро аз Тоҷикистон қабул карда метавонад. Лекин коршиносон мегӯянд, шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар бамаротиб зиёд аст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози пандемия Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Осиёи Марказӣ чандин бор ба бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба ватан аз Қазоқистон мусоидат намуд. То ин дам бо мусоидати СБМ ба 3 ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик барои ба ватан баргаштан кумак расонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...