Нахустин зойирини тоҷик охири январи 2021 метавонанд Ҳаҷҷ бираванд

Date:

Намояндаи ширкати сайёҳии “Расул”, ки ба фиристодани зойирини тоҷик ба Макка ва Мадина машғул аст, ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ба гумони ғолиб, гурӯҳи аввали зойирини тоҷик охири моҳи январи соли 2021 ба ҳаҷ фиристода мешаванд.

“Қаблан ҳукумати Арабистони Саудӣ изҳор дошт, ки онҳо ба қабул ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ аз 1 ноябр омодаанд, лекин ба мо то ҳол дар бораи иҷозаи ҳаҷ мактуб нарасида, қарори мушаххас ҳам гирифта нашудааст”, – қайд карданд дар ширкат.

Ҳамчунин зикр шуд, ки Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ пешниҳод намудааст, ки “қабули зойирин дар моҳи шашуми қамарӣ оғоз гардад”, ки он ба охири моҳи январи соли 2021 рост меояд.

“Имсол аз шаҳрвандон начандон зиёд дархост гирифтем. Ин шояд ба пандемия ва маҳдудиятҳое, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ ҷорӣ кард, вобаста бошад. Вуруд ба қаламрави ин кишвар ба шаҳрвандони синни аз 18 то 50-сола иҷоза шудааст”, – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти Кумитаи дин, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон Ҳаҷҷи умраро анҷом дода буданд.

Ҳанӯз охири моҳи октябр аз Кумитаи дин ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми ҳаҷи умра иҷоза дод. Он замон зикр шуда буд, ки раҳбарияти ширкатҳои “Расул” ва “Ормон”, ки ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Тоҷикистон ба умра сару кор доранд, машғули омода кардани санадҳои лозим барои сафарбар кардани гуруҳи аввал ҳастанд.

Вуруд ба Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо мақсади анҷоми маросими Ҳаҷи умра охири моҳи феврали соли 2020 бар асари хуруҷи коронавирус боздошта шуд.

Сухангӯйи Кумита Афшин Муқим зикр карда буд, ки агар имсол маросими адои ҳаҷ баргузор нашавад, навбати зойирин пурра нигоҳ дошта шуда, ба соли дигар гузаронида мешавад. Шӯрои уламо ба зойирин тавсия дод, ки маблағи барои адои маросими ҳаҷ ҷамъовардаашонро ба корҳои хайру эҳсон ва рушду шукуфоии кишвар сарф кунанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар мавсими ҳаҷ қариб 2,5 млн нафар мусалмонон аз саросари дунё барои адои яке аз рукнҳои ҳатмии ислом ба Арабистони Саудӣ роҳ пеш мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...