Хуҷандиҳо City Card-ро чӣ гуна пазируфтанд?

Дар Хуҷанд низоми City Card ба кор даромад. Акнун роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятиро метавон тариқи корт пардохт кард. Ин дуюмин шаҳре дар кишвар  пас аз Душанбе аст, ки пардохти ғайринақдӣ роҳандозӣ шудааст. “Лоиҳаи низоми пардохти электронӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду сол аст, ки бомуваффақият амалӣ гашта истодааст. Ва беҳуда нест, ки он акнун […]

Дар Хуҷанд низоми City Card ба кор даромад. Акнун роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятиро метавон тариқи корт пардохт кард. Ин дуюмин шаҳре дар кишвар  пас аз Душанбе аст, ки пардохти ғайринақдӣ роҳандозӣ шудааст.

“Лоиҳаи низоми пардохти электронӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду сол аст, ки бомуваффақият амалӣ гашта истодааст. Ва беҳуда нест, ки он акнун дар шаҳри Хуҷанд ҷорӣ мешавад – ин дуввумин шаҳри калонтарин дар ҷумҳурӣ аст”, – мегӯяд роҳбари лоиҳаи City Card Ҷомӣ Шарипов.

Бо корт автобусҳо кор мекунанд, ки шуморашон дар шаҳр ба 100 адад мерасад. Аҳолии Хуҷанд қариб 200 ҳазор ва маҳаллаҳои гирду атрофи он 1 млн нафар аст. City Card равуои мусофиронро ба тартиб меорад: даромадан ба автобус – танҳо аз дари пеш ва берун шудан – аз дарҳои мобайну қафо. Дар қисмати пеши автобус барои дароз кардани пули роҳкиро бесарусомонӣ ба вуҷуд намеояд.

“Барои ронанда роҳат аст, бақия намекобӣ, одамон худашон кортро зада медароянд. Ҳушу фикри мо танҳо дар роҳ мешавад”, -мегӯяд ронандаи автобус Абдукарим Шокиров.

Низоми нав барои пулро ба киса задани ронанда имкон намедиҳад. Ин – мушкили дигарро низ аз байн мебарад–ронанда фикри пулро намекунад, дар истгоҳ бисёр тавққуф намекунад, зиёд одам намегирад. Мусофирон низ аз навгонӣ хуш истиқбол мекунанд.

“Кортро 10 сомонӣ харидам, дарунаш 6 сомонӣ буд. Хеле роҳат аст. То “Сомон Бозор” бо пули нақд 1,5 сомонӣ медодем, бо корт бошад роҳкиро 1 сомонӣ аст”, – мегӯяд сокини Хуҷанд Саидҷон Зокиров.

“Барои бачаҳо низ хуб аст, – илова мекунад сокини дигари шаҳр Мавзунахон Ғаффорова. – Ба бачаҳо 50% тахфиф дода мешавад. Инчунин пули нақду танга дар киса дигар намегардонанд. Ин қулай ва осон аст”.

CityCard хати магнитӣ дорад ва онро метавон ҳамчун корти бонкӣ истифода кард – нигаҳдории маблағ, интиқол ба кортҳои дигар, гирифтани интиқоли маблағ, пардохти харид дар мағозаҳо. Инчунин бо пайваст шудан ба ҳамён метавон даҳҳо намуди дигари хизматрасониҳоро пардохт намуд.

Кортҳо дар Хуҷанду Душанбе якхела мебошанд. Онҳоро метавон дар ҳар ду шаҳр истифода бурд. Дар пойтахт ин низом соли 2018 роҳандози шуда буд – аввал дар автобусу троллейбусҳо, ҳоло бошад ба он микроавтобусҳо мегузаранд.

“Низоми электронӣ пойгоҳи нағз барои таҳлилҳои гуногун мебошад. Таҳлил аз рӯйи тарофаҳо, таҳлил аз рӯйи шумораи имтиёздорони нақлиёти ҷамъиятӣ – то ин дам ҳама ин гуна таҳлилҳо тақрибан ҳисоб карда мешуданд”, – мегӯяд роҳбари лоиҳаи City Card Ҷомӣ Шарипов.

Ояндаи наздик дар Хуҷанд боз автобусу микроавтобусҳои нав харидорӣ ва ба равуо оғоз мекунанд, ки онҳо низ бо City Card кор хоҳанд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.