TİKA ба Тоҷикистон инфрасохтори намоишгоҳии муосир туҳфа кард

Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ғурфаҳои муосири намоишгоҳӣ тақдим намуд. Ин чорабинӣ дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон Иброҳим Эрбир ва раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода иштирок доштанд. Зимни чорабинӣ  Иброҳим Эрбир гуфт, ғурфаҳое ки […]

Мавзуна Абдуллоева

Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ғурфаҳои муосири намоишгоҳӣ тақдим намуд.

Ин чорабинӣ дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон Иброҳим Эрбир ва раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода иштирок доштанд. Зимни чорабинӣ  Иброҳим Эрбир гуфт, ғурфаҳое ки ин ҷо мебинед, фақат қисме аз ғурфаҳои дорои сифати баланди байналмилалиии ба Тоҷикистон тақдимшуда мебошанд.

Дар доираи ин лоиҳа ба Тоҷикистон бештар аз 800 метри мураббаъ инфрасохтори намоишии муосир тақдим мешаванд. Бо ин мавод метавон зиёда аз 60 ғурфа омода сохта ҳама намуди ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалиро баргузор намуд.

“Дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани лоиҳаи мазкур ба мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Туркия саҳм хоҳад гузошт. Бо баргузории намоишҳои зиёди байналмилалӣ иқтидори кишвар фаъол мегардад ва кишвар самаранок тарғиб карда мешавад. Ҳамин тавр лоиҳа рақобатпазирии ширкатҳоро дар кишвар афзун намуда, ба имконоти иқтисодиёти миллӣ, шуғли аҳолӣ ва сармоягузорӣ барои давраи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат мусоидат хоҳад кард”, – гуфт Иброҳим Эрбир.

Ӯ қайд кард, ки ширкати TIKA 28 сол боз дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, дар соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ, маориф ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои зиёдеро роҳандозӣ кардааст.

ТИКА як созмони байналмилалии Туркия дар самти кумаки рушд буда, айни замон дар зиёда аз 60 кишвари дунё дафтари намояндагӣ дорад ва дар зиёда аз 170 кишвар фаъолияташро ба роҳ мондааст.

ТИКА фаъолияташро аз соли 1992 оғоз намудааст. Дафтари ҳамоҳангсозии барномаи ТИКА дар шаҳри Душанбе соли 1995 ба фаъолият шурӯъ кард. Аз он замон мувофиқи ниёзҳо, ҳадафҳо ва авлавиятҳои рушди Тоҷикистон тақрибан 400 лоиҳаи рушд ва ҳамкории техникиро, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми тоҷик дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот, обтаъминкунӣ, таълими касбӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ равона шудаанд, татбиқ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.