Сохторҳои қудратӣ истифодаи сарфакоронаи барқро назорат мекунанд

Бо дастури ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ситод дар ҷаласаи селектории якҷоя таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо иштироки намояндагони ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ, […]

Бо дастури ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ситод дар ҷаласаи селектории якҷоя таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо иштироки намояндагони ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Агентии мубориза бо коррупсия, Вазорати энергетика, Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва ШСХК “Барқи тоҷик” таъсис ёфт.

Дар ҷаласа қайд шуд, ки дар робита ба анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар иншооти энергетикии кишвар ва барқарор шудани интиқоли мунтазами барқ ба аҳолӣ, зарурати назорати сарфакоронаи неруи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон ба миён омад.

Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 10 декабр фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз намуда, дар ҳар як шаҳру навоҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Гуфта мешавад, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ низоми истифодабарии барқ аз тарафи ҳар як шаҳрванд, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон санҷида мешаванд.

Инчунин аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки дар давраи зимистон барқро сарфакорона истифода намуда, масъулияти баланди шаҳрвандии хешро нишон диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.