Эмомалӣ Раҳмон ба доварон: “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро одилона ҷамъбаст кунед

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории имрӯз, дар Қасри миллат аз доварони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, талаб кардааст, ки ин тадбири фарҳангӣ бояд бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад. Ба навиштаи торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати ҳакамон хостааст, ки  "ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд". Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории имрӯз, дар Қасри миллат аз доварони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, талаб кардааст, ки ин тадбири фарҳангӣ бояд бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад.

Ба навиштаи торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати ҳакамон хостааст, ки  "ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд".

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки ширкаткунандагону ғолибони озмун аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардонида шаванд.

Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" имсол бори дувум аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта бори нахуст ин озмун доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд.

Имсол маҳдудияти синнусолӣ дар он бардошта шуд. Ғолибони ин озмун дар чор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.