Русия ва БОҶ ба Тоҷикистон 180 тонна равған доданд

Барномаи озуқавории ҷаҳон (БОҶ)-и СММ имрӯз ба Тоҷикистон 180 тонна равғани растанӣ дод. Боз 123 тонна дигар равғани растанӣ то охири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Ин кумаки башардӯстона аз ҷониби Русия маблағгузорӣ шуд, ки мувофиқи Ёддошти ҳусни тафоҳум байни БОҶ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, барои таҳкими амнияти озуқавории Тоҷикистон дар соли 2020 […]

Барномаи озуқавории ҷаҳон (БОҶ)-и СММ имрӯз ба Тоҷикистон 180 тонна равғани растанӣ дод. Боз 123 тонна дигар равғани растанӣ то охири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Ин кумаки башардӯстона аз ҷониби Русия маблағгузорӣ шуд, ки мувофиқи Ёддошти ҳусни тафоҳум байни БОҶ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, барои таҳкими амнияти озуқавории Тоҷикистон дар соли 2020 5 млн доллар маблағ ҷудо кард.

Дар доираи ин маблағгузорӣ ба Тоҷикистон аллакай 3 ҳазор тонна орди витаминдор оварда шуда буд.

Кумаки хӯроквории мазкур қисмате аз Барномаи ғизои мактабии БОҶ мебошад, ки зиёда аз ним миллион хонандагони синфҳи 1-4-уми 2 ҳазор мактабҳои ноҳияҳои деҳоти Тоҷикистонро фаро мегирад. Хонандагони ин мактабҳо бо мусоидати БОҶ ва Русия бо ғизои мунтазам ва солим таъмин карда мешаванд.

Дар маросими супурдани кумак сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи БОҶ дар ҶТ Марико Кавабата, раҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва намояндагони дигар шарикони рушд  ширкат варзиданд.

Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин лоиҳаи БОҶ дар Тоҷикистон мебошад. Дар баробари таъмини муассисаҳои тахлимӣ бо хӯрокворӣ, БОҶ ҳамчунин ба таҷдиди низоми ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъмир ва сохтмони ошхонаву нонвойхона ва гармхона дар мактабҳо, ки барои он аз соли 2012 Русия беш аз 28 млн доллар маблағ ҷудо кардааст, мусидат менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.