Сархаму сарболо: савганди аъзои ҳукумати Тоҷикистон ба Президент

Имрӯз аъзои нави Ҳукумати Тоҷикистон баъди таъйид шудан аз сӯйи вакилон ва аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон савганд ёд карданд.  Дар Тоҷикистон мутобиқи моддаи 73 Қонуни Асосии кишвар ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аъзои ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва таъйид шуданашон аз сӯйи ҷаласаи якҷояи […]

Имрӯз аъзои нави Ҳукумати Тоҷикистон баъди таъйид шудан аз сӯйи вакилон ва аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон савганд ёд карданд. 

Дар Тоҷикистон мутобиқи моддаи 73 Қонуни Асосии кишвар ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аъзои ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва таъйид шуданашон аз сӯйи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон бо нашри аксҳое аз ин маросим менависад, ки "аъзои Ҳукумат бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд, Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд".

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарвазир, муовинони сарвазир, вазирон ва раисони Кумитаи давлатӣ иборат аст. Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.