Дар шаҳри Турсунзода низоми гармидиҳиро барқарор карданианд

Ҳукумати шаҳри Турсунзода лоиҳаи барқарор намудани низоми гармидиҳиро таҳия карда истодааст. Барои анҷоми ин кор дар ҳаҷми тақрибан 6,5 млн доллар сармоягузорӣ лозим аст. Корҳои барқарорсозӣ соли 2021 шурӯъ гардида, агар тибқи нақшаи шаҳрдорӣ ҷараён гирад, зимистони соли оянда сокинони шаҳр бо гармӣ дар хонаҳои худ таъмин мешаванд. Дар шаҳри саноатии Турсунзода аллакай муддати 20 […]

Ҳукумати шаҳри Турсунзода лоиҳаи барқарор намудани низоми гармидиҳиро таҳия карда истодааст. Барои анҷоми ин кор дар ҳаҷми тақрибан 6,5 млн доллар сармоягузорӣ лозим аст. Корҳои барқарорсозӣ соли 2021 шурӯъ гардида, агар тибқи нақшаи шаҳрдорӣ ҷараён гирад, зимистони соли оянда сокинони шаҳр бо гармӣ дар хонаҳои худ таъмин мешаванд.

Дар шаҳри саноатии Турсунзода аллакай муддати 20 сол инҷониб низоми гармидиҳӣ ба қубурҳо ва таъмин бо оби гарм кор накарда, таҷҳизот ва қубурҳо пурра корношоям гардидаанд. Сокинони микрорайонҳо дигар ба имкони барқарор кардани он бовар накарда, батареяҳои гармидиҳиро канданд.

Соли 2019 кормандони хадамоти коммуналӣ аз заминковӣ хаста шуда, тасмим гирифтанд, ки онҳоро ба берун мебароранд.

Дар натиҷа симои шаҳр тағйир ёфта, имрӯз қубурҳо болои роҳҳо овезонанд ва барои техникаву одамон мушкилиҳо пеш меоранд. Ғайр аз ин, симои маҳаллаҳои қаблан хушсимову хуштарҳро нозеб месозанд.

Ба гуфтаи раиси шаҳр Парвиз Акрамзода, минбаъд ин вазъ рӯ ба беҳбудӣ оварда, “ба шаҳр симои хуштарҳи пешина ва ба сокинон гармӣ дар хонаҳояшон баргардонида мешавад”.

Аммо барои амалисозии ин мақсад нахуст дегхонаро мебояд ба тавозуни ҳокимияти иҷроияи шаҳр гузаронид. Айни замон корхона яке аз воҳидҳои сохтории ТАЛКО мебошад.

Тавре раиси шаҳр иттилоъ дод, ин масъала чанде пеш дар сатҳи ҳукумат баррасӣ шуда, ширкати ТАЛКО ба гузаронидани дегхона ба тавозуни ҳокимияти маҳаллӣ розигӣ додааст.

“"Барои ба тавозуни худ қабул кардани дегхона, ба мо лозим аст, ки ҳуҷҷатҳо тартиб дода, санҷиш гузаронем, зеро тамоми таҷҳизоти он дар тӯли беш аз 20 соли бефаъолиятӣ корношоям шудааст", – қайд кард шаҳрдори Турсунзода. – Лоиҳаи сармоягузорӣ ба барқарорсозии шабакаҳои гармидиҳии шаҳр омода буда, танҳо тасдиқи он мондааст".

Аз ҷумлаи сармоягузорони эҳтимолӣ Акрамзода Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)-ро номбар кард, ки бо ёрии он дар шаҳр лоиҳаҳои беҳтар намудани низоми обтаъминкунӣ ва хизматрасонӣ оид ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ амалӣ карда шудаанд.

Кӯшишҳои барқарор кардани гармидиҳӣ дар шаҳр қабл аз ин низ сурат гирифта буд. Соли 2012 мақомоти маҳаллӣ ба нақша гирифта буданд, ки барои ҳар як бинои бисёрқабата дар нӯҳ микрорайон дегхонаҳои мустақили хурд насб кунанд, илова бар ин, имконоти таъмири асосии дегхона низ баррасӣ шуд. Аммо бо сабабҳои объективӣ – набудани маблағ, кор қатъ карда шуд.

Парвиз Акрамзода ҳарчанд чанде пеш ба вазифаи раиси шаҳр таъин шуда бошад ҳам, бо ин мушкилот аз наздик ошно аст ва ба оянда бо эътимод менигарад.

“Тибқи ҳисобҳои тахминӣ, барқарорсозии тамоми низоми гармидиҳии шаҳр ҳадди аққал 6,5 млн доллари амрикоиро талаб мекунад ва бидуни сармоягузории хориҷӣ, татбиқи ин лоиҳа душвор хоҳад буд, – чунин мешуморад ӯ. – Агар ба мо муяссар шавад, ки кори дегхонаро барқарор кунем, он гоҳ дар истифодаи он ҳеҷ мушкиле пеш нахоҳад омад, зеро сӯзишвории худамон – ангишти кони Қаратоғро истифода хоҳем кард. Варианти сӯзишвории тоза – газро низ дида мебароем. Албатта, пеш аз оғози кор, вазъи муҳити зистро ҳам ба инобат мегирем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.