Тавсеъаи шабакаи марказҳои хизматрасонии Тсеll дар Душанбе

Тайи як моҳи охир оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell дар пойтахт 5 маркази нави технологии хизматрасонии муштариёнро ифтитоҳ кард! Марказҳои нави хизматрасонӣ дар маҳаллаҳои 102-юм, километри 9-ум, бозори “Саховат”, километри 7-ум ва дар маркази савдои "Садбарг" ҷойгиранд. Дафтарҳои нав инфрасохтори фарогирии пойтахтро бо шабакаи фурӯши чаканаи ширкат беҳбуд мебахшанд. Пойтахт тавсеа меёбад ва […]

Тайи як моҳи охир оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell дар пойтахт 5 маркази нави технологии хизматрасонии муштариёнро ифтитоҳ кард!

Марказҳои нави хизматрасонӣ дар маҳаллаҳои 102-юм, километри 9-ум, бозори “Саховат”, километри 7-ум ва дар маркази савдои "Садбарг" ҷойгиранд.

Дафтарҳои нав инфрасохтори фарогирии пойтахтро бо шабакаи фурӯши чаканаи ширкат беҳбуд мебахшанд. Пойтахт тавсеа меёбад ва табиист, ки муштариён дар ҳар як минтақа ба хизматрасонии босифат ниёз доранд. Бо шарофати ҷобаҷогузории дурусти марказҳои нави хидматрасонӣ, Tcell барои муштариён боз ҳам қулайтар хоҳад шуд! Ҳоло машваратҳои мутахассисони Tcell, ҳалли ҳама гуна масъалаҳои техникӣ, пайвастшавӣ ё бақайдгирии SIM-кортҳо барои куллияи сокинону меҳмонон дар наздиктарин мавзеъ дастрас мебошанд.

Дар ҳар як дафтари хизматрасонии Tcell муштариён метавонанд ҳама гуна маслиҳатро доир ба алоқаи мобилӣ гирифта, аз тарофаҳои зиёди пешниҳодӣ мақбулро барои худ интихоб намоянд. Дар ин ҷо имкони рафъи кадом як  мушкилоти фаннӣ, пайваст кардани SIM-кортҳои Tcell ва ё аз нав бақайдгирии он, пуркунии тавозун, интихоби хизматрасониҳо вуҷуд дорад.

Ҳамаи оператороне, ки дар дафтарҳои хизматрасонии Тсеll фаъолият доранд, дар ширкат ба муддати тӯлонӣ таҷриба андӯхта, ба муштариён оид ба  масоили марбути иртибот маслиҳат медиҳанд.

Бар пояи дурнамо (стратегия)-и рушди Tcell, ниёз ва талаботҳои ҳар як муштарӣ афзалият доранд. Аз ин рӯ, ширкат шабакаҳои хидматрасонии муштариёнро мунтазам густариш медиҳад. Имрӯз марказҳои наву технологии Tcell дар тамоми шаҳрҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон фаъолият дошта, ба муштариён хизматҳои баландро пешниҳод мекунанд ва барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд.

Аз дидани Шумо дар марказҳои хизматрасонии Тсеll хушҳол хоҳем шуд!

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.