Худкушии 44 зан бар пайи хушунати хонаводагӣ

Дар ду соли ахир дар шимоли Тоҷикистон 44 зан бар асари хушунат худкушӣ кардаанд. Ин нукта имрӯз дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд садо дод. Мақомоти додситонии вилояти Суғд мегӯяд барои ин худкушиҳо чанд шавҳари ин занҳо, хушдоманҳо ва як хусурро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Дар ин Шӯро гуфта шуд, ки соли 2019 ва […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар ду соли ахир дар шимоли Тоҷикистон 44 зан бар асари хушунат худкушӣ кардаанд. Ин нукта имрӯз дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд садо дод.

Мақомоти додситонии вилояти Суғд мегӯяд барои ин худкушиҳо чанд шавҳари ин занҳо, хушдоманҳо ва як хусурро ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Дар ин Шӯро гуфта шуд, ки соли 2019 ва нуҳ моҳи 2020 асосан бар асари кирдори бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну эътиборашон аз сӯйи шавҳарону хушдоманҳо, ин занон даст ба худкушӣ задаанд.

Мақомоти додситонии Суғд мегӯяд, 22 нафар занон дар соли гузашта ва 22 нафари дигар дар нӯҳ моҳи соли 2020 худкушӣ кардаанд. Як манбаъ аз ин додситонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз ҳама зиёд дар ноҳияи Зафаробод 4 нафар зан даст ба худкушӣ задаанд. Дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Деваштич 3-нафарӣ, Истаравшан, Спитамен, Панҷакент ва Конибодом 2-нафарӣ худкушӣ кардаанд. Худкушии занон дар Хуҷанд, Исфара, Ҷаббор Расулов, Истиқлол, Ашт ва Айнӣ якмавридӣ будааст.

Дар додситонии Суғд гуфтанд, ки шиддати хушунат дар хонавода ба андозае, ки қобили мулоҳиза бошад пойин нарафтааст ва чунин ҳодисаҳо ҳанӯз ҳам дар хонаводаҳо ҷой дорад.

Додситони Суғд Фурқат Хоҷазода ба ниҳодҳои марбута ва Раёсати корҳои дохилӣ супориш додааст, ки дар маҳалҳо оилаҳои осебпазирро муайян ва онҳоро ба қайд гиранд. Додситонӣ гуфтааст, хусусан бо он занҳое, ки зери фишори сахти хонаводагӣ ба сар мебаранд корҳои фаҳмонидадиҳиро пурзӯр кунанд то маҷбур ба амлҳое чун худкушӣ нашаванд.

Қаблан Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд гуфта буд, ки 853 нафарро, ки дар пайи ҷанҷолҳои хонаводагӣ ба ин ниҳод муроҷиат карда буданд зери назорати худ гирифта, бо онҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ анҷом медиҳанд.

Инчунин ба гуфтаи Раёсати ВКД дар Суғд дар ин ниҳод беш аз 700 хонаводаи ноустувор сабти ном аст, ки масъулин мегӯяд ин шумора назар ба соли гузашта бамаротиб кам шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.