Даргузашти Ҳисорӣ Ҷӯраев фарзанди Акашариф Ҷӯраев

Date:

Ҳисорӣ Ҷӯраев фарзанди овозхони шинохтаи тоҷик Акашариф Ҷӯраев бар асари беморие, ки дошт рӯзи 18-уми декабр дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикону пайвандони ӯ хабар доданд. Раёсати фарҳанги Душанбе ҳам дар бо нашри як номаи ҳамдардӣ даргузашти Ҳисорӣ Ҷӯраевро барои хонавода ва аҳли ҳунар таслият гуфтаанд.

"Аҳли Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе аз даргузашти фарзанди Ҳофизи халқии Тоҷикистон , зиндаёд Акашариф Ҷӯраев, Ҳисорӣ Ҷӯраев сахт андуҳгин гашта, ба наздикон, хешутабор ва мухлисонаш ҳамдардии худро изҳор менамоянд. Равонашон шоду хонаи охираташон обод бошад",-омадааст дар ин номаи таслият.

Ҳисорӣ Ҷӯраев номзади илмҳои химия буд ва то дами марг дар Пажуҳишгоҳи илмиву таҳқиқотии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба сифати мудири Озмоишгоҳи назорати амнияти маҳсулоти хӯрокӣ ва маводи хоми ғизоӣ кор мекард.

Ӯ ҳамчунин мушовири Пажӯҳишгоҳи дорусозии вазорати тандурустӣ низ буд.

Ҳисорӣ Шарифов ба унвони фарзанди овозхони пуровозаи тоҷик Акашариф Ҷӯраев, ки Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи ӯст, овозхонӣ низ мекард. 

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз марги ин донишманд ва овозхони шинохта андуҳгин буда, ба хонаводаву наздикону пайвандонашон дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...