Дар ҷойи бозори “Ҷал-Ҷам” дар шаҳри Душанбе, ки аввали соли равон тахриб шуд, хонаҳои истиқоматии баландошёна ва меҳмонхона сохта мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси пойтахт Абдумаҷид Усмонзода.
“Бо қарори раиси шаҳр дар ҷойи бозори тахрибшуда, ки дар мавзеи 1-ум Советский воқеъ аст, хонаҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои муосири савдо, меҳмонхона ва дигар иншооти таъиноти иҷтимоӣ – мактабу кӯдакистон ва беморхона сохта мешавад”, – хабар доданд дар шаҳрдорӣ.
Дар бораи кай оғоз гардидани сохтмони иншооти мазкур, аз ҳисоби буҷети шаҳр ё соҳибкорон бунёд гардидани он маълумоти саҳеҳ дода нашуд.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли ҷорӣ бозори махсуси масолеҳи сохтмони “Ҷал-Ҷам” дар шаҳри Душанбе дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб шуд.
Соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба қаламрави маҷмааи нави савдои “Кӯшониён”, ки дар мавзеи наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, кӯчонида шуданд.
Маъмурияти маркази савдои “ Кӯшониён” бо дархости шаҳрдории Душанбе савдогарони ба ин ҷо гузаштаи бозори “Ҷал-Ҷам”-ро се моҳ аз пардохти маблағи иҷораи нуқтаҳои фурӯш озод кард.
Бозори “Ҷал-Ҷам” соли1997 дар қаламрави собиқ корхонаи заргарӣ дар буриши кӯчаҳои Раҳмон Набиев ва Деҳотӣ ба фаъолият оғоз намуд. Қаламрави бозор 2,6 гектарро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


