Дар ҷойи бозори “Ҷал-Ҷам” баландошёнаҳо ва иншооти иҷтимоӣ месозанд

Дар ҷойи бозори “Ҷал-Ҷам” дар шаҳри Душанбе, ки аввали соли равон тахриб шуд, хонаҳои истиқоматии баландошёна ва меҳмонхона сохта мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси пойтахт Абдумаҷид Усмонзода. “Бо қарори раиси шаҳр дар ҷойи бозори тахрибшуда, ки дар мавзеи 1-ум Советский воқеъ аст, хонаҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои муосири савдо, меҳмонхона ва дигар иншооти […]

Дар ҷойи бозори “Ҷал-Ҷам” дар шаҳри Душанбе, ки аввали соли равон тахриб шуд, хонаҳои истиқоматии баландошёна ва меҳмонхона сохта мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси пойтахт Абдумаҷид Усмонзода.

“Бо қарори раиси шаҳр дар ҷойи бозори тахрибшуда, ки дар мавзеи 1-ум Советский воқеъ аст, хонаҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои муосири савдо, меҳмонхона ва дигар иншооти таъиноти иҷтимоӣ – мактабу кӯдакистон ва беморхона сохта мешавад”, – хабар доданд дар шаҳрдорӣ.

Дар бораи кай оғоз гардидани сохтмони иншооти мазкур, аз ҳисоби буҷети шаҳр ё соҳибкорон бунёд гардидани он маълумоти саҳеҳ дода нашуд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли ҷорӣ бозори махсуси масолеҳи сохтмони “Ҷал-Ҷам” дар шаҳри Душанбе дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб шуд.

Соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба қаламрави маҷмааи нави савдои “Кӯшониён”, ки дар мавзеи наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, кӯчонида шуданд.

Маъмурияти маркази савдои “ Кӯшониён” бо дархости шаҳрдории Душанбе савдогарони ба ин ҷо гузаштаи бозори “Ҷал-Ҷам”-ро се моҳ аз пардохти маблағи иҷораи нуқтаҳои фурӯш озод кард.

Бозори “Ҷал-Ҷам” соли1997 дар қаламрави собиқ корхонаи заргарӣ дар буриши кӯчаҳои Раҳмон Набиев ва Деҳотӣ ба фаъолият оғоз намуд. Қаламрави бозор 2,6 гектарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.