Бозори “Ҷал-Ҷам” дар Душанбе кӯчонида мешавад

Бозори “Ҷал-Ҷам” дар пойтахт, ки барои фурӯши масолеҳи сохтмон пешбинӣ шудааст, дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе кӯчонида мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, дар ҷойи ин бозор, ки дар маҳаллаи 1-ум Советский воқеъ аст, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои муосири савдо, иншооти таъиноти иҷтимоӣ – мактабу беморхонаҳо сохта мешаванд. Ба […]

Бозори “Ҷал-Ҷам” дар пойтахт, ки барои фурӯши масолеҳи сохтмон пешбинӣ шудааст, дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе кӯчонида мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, дар ҷойи ин бозор, ки дар маҳаллаи 1-ум Советский воқеъ аст, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои муосири савдо, иншооти таъиноти иҷтимоӣ – мактабу беморхонаҳо сохта мешаванд.

Ба фурӯшандагони бозори “Ҷал-Ҷам” барои озод кардани қаламрав то 15-уми январ муҳлат дода шудааст.

Ҳукумати шаҳр ба онҳо пешниҳод кардааст, ки ба муҷтамаи нави савдои “Кӯшониён” гузаранд, ки дар мавзеи корхонаи таъмири пойтахт бунёд шудааст.

“Маъмурияти маркази савдои “ Кӯшониён” бо дархости шаҳрдории Душанбе савдогарони ба ин ҷо гузаштаи бозори “Ҷал-Ҷам”-ро се моҳ аз пардохти маблағи иҷораи нуқтаҳои фурӯш озод мекунад”, – афзуд манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.