Табиби ӯзбек бо таппончаи бозичагӣ бонки Туркияро тасарруф кард

Табиби 41-сола аз Ӯзбекистон кормандони бонки хусусиро дар Анталияи Туркия гаравгон гирифт. Тавре Podrobno.uz хабар медиҳад, зимнан ӯ ба онҳо бо таппончаи бозичагӣ таҳдид кардааст. Шаҳрванди Ӯзбекистон тахминан соатҳои 9:45 дақиқаи рӯзи 17-уми декабр ба ин бонк меояд. Ӯ мили таппочаро ба сӯйи кормандон рост карда, огоҳ мекунад, ки маводи тарканда дорад (минбаъд ин тасдиқ намешавад). […]

Asia-Plus

Табиби 41-сола аз Ӯзбекистон кормандони бонки хусусиро дар Анталияи Туркия гаравгон гирифт.

Тавре Podrobno.uz хабар медиҳад, зимнан ӯ ба онҳо бо таппончаи бозичагӣ таҳдид кардааст.

Шаҳрванди Ӯзбекистон тахминан соатҳои 9:45 дақиқаи рӯзи 17-уми декабр ба ин бонк меояд. Ӯ мили таппочаро ба сӯйи кормандон рост карда, огоҳ мекунад, ки маводи тарканда дорад (минбаъд ин тасдиқ намешавад). Сипас ӯ ҳамаи мизоҷони бонк ва занони корманди бонкро раҳо карда, танҳо мардонро гаравгон мегирад.

Бино ба маълумоти нашрияи туркии Haberler, воҳидҳои пулис ва хадамоти таъиноти махсус таъҷилан ба ҷойи ҳодиса  даъват шуда, зимни гуфтушунидҳо табибро муътақид месозанд, ки таслим шавад.

Маълум шудааст, ки шаҳрванди Ӯзбекистонро ба ин амал фиреб аз ҷониби бонк водор кардааст. Айни замон ӯ ба ҳабс гирифта шуда, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.