Агентии омор: Ҳар яке аз сеюмин корхонаи Тоҷикистон зиёновар аст

Қарзи умумии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли равон ба ҳудуди 65 млрд. сомонӣ (6,7 млрд. доллар) расидааст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, беш аз нисфи қарзро аз ҳаҷми умумӣ қарзҳои корхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, ширкатҳои “Барқи тоҷик”, “Тоҷик Эйр”, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Ширкати […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи умумии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли равон ба ҳудуди 65 млрд. сомонӣ (6,7 млрд. доллар) расидааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, беш аз нисфи қарзро аз ҳаҷми умумӣ қарзҳои корхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, ширкатҳои “Барқи тоҷик”, “Тоҷик Эйр”, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ташкил медиҳанд.

Дар 9 моҳи соли равон вазни қиёсии корхона ва ташкилотҳои зиёновар аз шумори умумии онҳо 28,5%-ро ташкил додааст.

Корхонаҳои зиёновар аз ҳама бештар дар соҳаҳои саноати коркард (17,7%), савдо (16,1%) ва сохтмон (13,6%) ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳукумат ҳанӯз аввали ҳамин сол супориш дода буд, ки оид ба кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҷӯӣ шавад.

Мувофиқи қарори ҳукумат, Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ бояд ба ин кор машғул мешуданд.

Байни корхонаҳои бузурги кишвар ширкати “Барқи тоҷик” нисбатан қарзи калонтар дорад, ки ба ҳолати аввали соли ҷорӣ 23,1 млрд. сомонӣ (наздики 2,4 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.