Метадони дар Внуково дарёфтшуда барои муолиҷаи нашъамандон буд

Як миқдор метадон, ки аз ҷониби гумрукчиёни Русия дар фурудгоҳи Внуковои Маскав ошкор ва боздошт шуд, барои муолиҷаи нашъамандон дар Тоҷикистон пешбинӣ гардида, ин мавод дар доираи кумаки Фонди глобалии мубориза бо ВНМО (СПИД) харидорӣ шудааст. Дар ин бора муовини роҳбари Хадамоти маводи нашъаовар (наркологӣ)-и Вазорати тандурустии кишвар Рустам Шарипов рӯзи сешанбе ба хабаргузории ТАСС иттилоъ […]

Asia-Plus

Як миқдор метадон, ки аз ҷониби гумрукчиёни Русия дар фурудгоҳи Внуковои Маскав ошкор ва боздошт шуд, барои муолиҷаи нашъамандон дар Тоҷикистон пешбинӣ гардида, ин мавод дар доираи кумаки Фонди глобалии мубориза бо ВНМО (СПИД) харидорӣ шудааст. Дар ин бора муовини роҳбари Хадамоти маводи нашъаовар (наркологӣ)-и Вазорати тандурустии кишвар Рустам Шарипов рӯзи сешанбе ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

“Фармоишгари метадон Фонди глобалии Барномаи рушди СММ (UNDP) дар Тоҷикистон мебошад”, – хабар додааст Шарипов.

Ба гуфтаи ӯ, мактуб бо дархости харидории мавод аз ҷониби Фонди глобалӣ таҳия шуда, масъулияти то ба Тоҷикистон расонидани бор низ ба дӯши онҳо вогузор аст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз созмони байнулмилалӣ хабар дод, ки “дар ин кор фиристандаи бор ва ширкати нақлиётӣ, ки борро интиқол медиҳад, масъуланд”. Ӯ қайд кард, ки мувофиқи шартнома, бор бояд ба Тоҷикистон расонида шавад ва танҳо баъд аз он ташкилоти фармоишгар ҷавобгӯйи он мешавад.

Як миқдор метадон, ки тариқи транзит аз Олмон ба Тоҷикистон фиристода шудааст, аввали моҳи декабр дар Внуково аз ҷониби кормандони Хадамоти федералии гумруки Русия боздошт гардид. Гуфта мешавад, ки ба ин бор пешакӣ эъломия пешниҳод нашуда, он дар анбори нигаҳдории муваққатии борҳо ошкор шудааст. Хадамоти гумруки фурудгоҳи Внуково мутобиқи моддаи қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Хадамоти гумрук қайд мекунад, ки дар навиштаҷоти шишаҳо маълумоти бардурӯғ дарҷ ёфта буд. Мувофиқи он, 1 мл. моеъи 5 мг метадони гидрохлорид доштааст. Тибқи хулосаи мутахассисон, таркиби метадон дар ин моеъҳо беш аз 50% аст, яъне 1 мл. моеъ дарвоқеъ беш аз 500 мг метадон дорад.

Арзиши 1 грамми ин мавод дар “бозори сиёҳ” аз 4 то 5 ҳазор рубл ва ҳамин тариқ, арзиши умумии ин миқдор мавод аз 5,8 млрд. то 6 млрд. рублро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.