Дар шимоли Қазоқистон ду тоҷикро қариб хунук зада буд

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ наҷотбахшон ба сокинони Тоҷикистон, ки мошинашон шаби сарди зимистон дар роҳ вайрон шуд, ёрӣ расониданд, хабар медиҳад МИА «Казинформ». Гуфта мешавад, онҳо дар мошини боркаш (минивэн) ба Тюмен мева мебурдаанд ва мошинашон дар сардии 20 дараҷа дар роҳ вайрон мешавад ва гузашта аз ин, сарулибоси начандон мувофиқ ба ин гуна обуҳаворо […]

Asia-Plus

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ наҷотбахшон ба сокинони Тоҷикистон, ки мошинашон шаби сарди зимистон дар роҳ вайрон шуд, ёрӣ расониданд, хабар медиҳад МИА «Казинформ».

Гуфта мешавад, онҳо дар мошини боркаш (минивэн) ба Тюмен мева мебурдаанд ва мошинашон дар сардии 20 дараҷа дар роҳ вайрон мешавад ва гузашта аз ин, сарулибоси начандон мувофиқ ба ин гуна обуҳаворо доштаанд.

“Онҳо мошинро бо сӯзишвории дизелии барои фасли тобистон пешбинишуда пур карда, низоми таъмин бо сӯзишвории мошинро бо воситаҳои худсохт гарм карданӣ шудаанд, ки ба вайроншавии ноқили интиқоли сӯзишворӣ боис гардидааст”, – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар қисми оташнишонии Пресновка мошини онҳо таъмир ва бо сӯзишвории дизелии барои фасли зимистон пешбинишуда пур карда шудааст ва меҳмононро бо хӯроки шом ва чойи гарм зиёфат кардаанд.

“Аз кормандонатон барои кумак миннатпазирем. Чандин сол инҷониб бо ин роҳ равуо мекунем ва бори аввал ба чунин ҳолат дучор шудем. Хеле кумак карданд. Аз самими қалб миннатдорем”, – гуфтааст Умедҷон Мадалиев, яке аз тоҷикони дар роҳ дармонда.

https://www.youtube.com/watch?v=ctGP-En9Bs0

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.