Ширкати «S7» низ аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад

Ширкати ҳавопаймоии «S7»-и Русия аз ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷозатнома гирифт. Тавре сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ширкат рӯзи 18 декабр аллакай як парвозро бо хатсайри Хуҷанд-Москва иҷро кардааст. Минбаъд парвозҳо дар як ҳафта як маротиба бо хатсайрҳои зерин ба иҷро расонида мешаванд: Душанбе – Новосибирск: рӯзҳои панҷшанбе […]

Ширкати ҳавопаймоии «S7»-и Русия аз ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷозатнома гирифт.

Тавре сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ширкат рӯзи 18 декабр аллакай як парвозро бо хатсайри Хуҷанд-Москва иҷро кардааст.

Минбаъд парвозҳо дар як ҳафта як маротиба бо хатсайрҳои зерин ба иҷро расонида мешаванд:

Душанбе – Новосибирск: рӯзҳои панҷшанбе аз 24 декабр;

Хуҷанд – Москва: рӯзҳои панҷшанбе аз 22 декабр;

Хуҷанд – Новосибирск: рӯзҳои сешанбе аз 22 декабр.

Парвозҳои зикршуда барои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне, ки барои ба Русия ворид шудан мувофиқи фармоиши ҳукумати Русия аз 16 март (№ 635-р) асос доранд, пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранду бо ин хатсайрҳо парвоз карданианд, бояд ҳатман бо худ маълумотномаи муассисаи тиббӣ (бо забони русӣ) дар бораи мубтало набудан ба коронавирусро аз рӯйи натиҷаҳои тест дошта бошанд, ки он на дертар аз 3 шабонарӯз то расидан ба Русия дода шудааст.

Гуфта мешавад, билетҳо ба хатсайрҳои мазкур тариқи сомонаи расмии «S7» ва намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон фурӯхта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бар асари пандемия алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия қатъ шуда, ба ивази он аз ҳар ду ҷониб парвозҳои чартерии аз кишвари хориҷӣ ба ватан баргардонидани ҳамватанон роҳандозӣ гардид.

Парвозҳоро аз Русия ба Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” анҷом дода, парвозҳои чартериро аз Тоҷикистон ба Русия ду ширкати ҳавопаймоии Русия – “ЮТэйр” ва “Уральские авиалинии” аз моҳи ноябр оғоз карданд.

Танҳо дар моҳи декабр анҷоми 146 парвоз аз Русия ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. “Уральские авиалинии” дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба Русия 11 парвози чартерӣ иҷро мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.