Баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот вазъи кунуниву дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истиқболи гарм аз музокироти сулҳи байниафғонӣ ва баргузории нахустин ҷаласаи […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот вазъи кунуниву дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истиқболи гарм аз музокироти сулҳи байниафғонӣ ва баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ, самимона хостори раванди ба даст овардани сулҳи деринтизор дар кишвари ба мо дӯсту бародари Афғонистон шуд.

“Натиҷаҳои созандаи музокироти сулҳ на танҳо барои Афғонистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайомадҳои нек дошта метавонад”, – гуфт президент.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба амалҳои гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва дигар шабакаҳои терроризми байналмилалӣ, ки барои Афғонистону минтақа манбаи асосии таҳдиду нигаронии ҷиддӣ аст, табодули андеша карда, тақвияти муборизаи муштаракро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳоро дар соҳаи амниятӣ зарур шумурданд.

Аз муколамаи мунтазами сиёсии байни давлатҳо, ки омили муҳими баррасии масоили калидии муносибатҳои дӯстона ва роҳҳои таҳкиму тақвияти минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд, изҳори қаноат карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ татбиқи тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ба хотири эҷоди долонҳои нави нақлиётию транзитӣ байни кишварҳо муҳиму зарурӣ унвон карда шуд.

Дар шароити имрӯзаи пандемияи бемории сироятии короновирус пешниҳод гардид, ки дар самти пешгирии ин беморӣ ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ тақвият бахшида шавад.

Ҳамчунин омодагии Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, иттилоот ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ таъкид гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.