Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли тармафароӣ дар роҳҳои ВМКБ ва Душанбе-Хуҷанд

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 26 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон боришоти начандон зиёд ва дар ноҳияҳои кӯҳи боридани барф дар назар аст. Ҳарорати миёна рӯзона дар водиҳо то 10 дараҷа гарм ва дар манотиқи кӯҳистон ҳаво хунук мешавад. Айни замон роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, […]

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 26 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон боришоти начандон зиёд ва дар ноҳияҳои кӯҳи боридани барф дар назар аст.

Ҳарорати миёна рӯзона дар водиҳо то 10 дараҷа гарм ва дар манотиқи кӯҳистон ҳаво хунук мешавад.

Айни замон роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистон, инчунин ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод барои ҳаракати нақлиёт кушода аст.

Дар натиҷаи каме гармшавии ҳаво ва боришот рӯзҳои наздик дар роҳҳои мошингарди Бидур-Вер (қисмати ғарбии ВМКБ) ва шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд (аз мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб то ағбаи Шаҳристон) фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз ронандагон дархост мекунад, ки ҳангоми ҳаракат ҳушёриро аз даст надода, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, реҷаи суръат ва масофаи байни автомашинаҳоро қатъиян риоя намоянд.

Кумита ҳамчунин хотиррасон мекунад, ки дар аксарияти ноҳияҳои кӯҳистон то ҳол туман боқӣ мондааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.