Дар Суғд зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода шуд

Дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини якуми сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ин маросим қайд шуд, ки зеристгоҳ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, баҳри ба эътидол овардан ва интиқоли сифатноки […]

Дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини якуми сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ин маросим қайд шуд, ки зеристгоҳ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, баҳри ба эътидол овардан ва интиқоли сифатноки қувваи барқ бунёд гардидааст.

Гуфта мешавад, зеристгоҳ инчунин ба камбор намудани зеристгоҳҳои ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов, Унҷӣ ва Дадобой Холматов мусоидат намуда, дар натиҷа сифати интиқоли қувваи барқ дар минтақа беҳтар мегардад.

Зикр шуд, ки айни замон сокинони мамлакат бо нерӯи барқ пурра таъминанд ва бояд нерӯи барқро самараноку сарфакорона истифода намоянд, зеро истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ имкон медиҳад, ки тамоми соҳаҳо ба таври шабонарӯзӣ бо барқ таъмин гарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...