Дар Суғд зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода шуд

Date:

Дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини якуми сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ин маросим қайд шуд, ки зеристгоҳ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, баҳри ба эътидол овардан ва интиқоли сифатноки қувваи барқ бунёд гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, зеристгоҳ инчунин ба камбор намудани зеристгоҳҳои ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов, Унҷӣ ва Дадобой Холматов мусоидат намуда, дар натиҷа сифати интиқоли қувваи барқ дар минтақа беҳтар мегардад.

Зикр шуд, ки айни замон сокинони мамлакат бо нерӯи барқ пурра таъминанд ва бояд нерӯи барқро самараноку сарфакорона истифода намоянд, зеро истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ имкон медиҳад, ки тамоми соҳаҳо ба таври шабонарӯзӣ бо барқ таъмин гарданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...