Ҷоизаи ҷашнвораи филми Муқовимати Эрон ба Искандар Усмонов расид

Date:

Ба коргардон ва филмноманависи тоҷик Искандар Усмонов, ки дар 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми “Муқовимат”-и Эрон барои филми  “Дар марз” ҷоизаи Беҳтарин филмномаи кӯтоҳи достониро соҳиб шуда буд ҷоиза ва дипломи онро фиристодаанд.

Тандис ва дипломи ин ҷоиза ба Искандар Усмонов тавассути Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва шахси сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ расонида шудааст.

Дар дипломи ин ҷоиза навишта шудааст, ки “Тандис ва диплуми  ифтихор ба ҳамроҳи ҷоизаи нақдии Беҳтарин филмномаи кӯтоҳи достонӣ дар бахши мусобиқаи аслӣ дар шонздаҳумин Ҷашнвораи байнулмилалии филми Муқовимат барои асари “Дар марз” ба ҷаноби олӣ тақдим мешавад”.

Филми кӯтоҳи достонии “Дар марз”, ки коргардонаш Тинчтик Абулқосимови қирғиз аст, дар бораи пирамарди тоҷике аст, ки мехоҳад барои дидани хешовандонаш ба он сӯйи марз биравад, вале ҳангоми убури марз аз сӯйи марзбонони қирғиз боздошт мешавад.

Дар ин филм мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва таъсири он рӯйи зиндагии сокинони ду сӯйи марз ба тасвир кашида шудааст.

Ҷашнвораи филми Муқовимат имсол бар асари ҳамагирии коронавирус онлайнӣ баргузор шуд, ки коргардонҳову барандаҳои ҷоизаҳо дар хатми он ва маросими супурдани ҷоизаҳо ширкат накарданд. 

Ин филм ба ҷуз ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии филми Муқовимати Эрон, ҳамчунин ҷоизаҳои дигареро аз ҷашнвораҳои Русия низ ба даст овардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...