Сафири ИМА: “Бозори сармоягузории Тоҷикистон бояд ҷолиб шавад” ва васфи шоирдӯстдориву қурутобу мусиқии тоҷикон

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершейм дар як мусоҳиба бо маҷаллаи ОCA (Open Central Asia) гуфтааст, ки мо  мунтазири ҷолибтар шудани бозори Тоҷикистон барои  сармоягузорони байналмилалӣ ҳастем. Поммершейм ҳамчунин дар ин мусоҳибааш аз шеърдӯстдории тоҷикон, шоироне чун Рӯдакиву Румӣ, қурутоб, мусиқӣ, имконоти сайёҳӣ ва оиладории тоҷикон тавсиф кардааст. Ҷон Марк Поммершейм дар посухи […]

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершейм дар як мусоҳиба бо маҷаллаи ОCA (Open Central Asia) гуфтааст, ки мо  мунтазири ҷолибтар шудани бозори Тоҷикистон барои  сармоягузорони байналмилалӣ ҳастем. Поммершейм ҳамчунин дар ин мусоҳибааш аз шеърдӯстдории тоҷикон, шоироне чун Рӯдакиву Румӣ, қурутоб, мусиқӣ, имконоти сайёҳӣ ва оиладории тоҷикон тавсиф кардааст.

Ҷон Марк Поммершейм дар посухи ба суоли чӣ ҳамкориҳои иқтисодие Амрикову Тоҷикистон доранд, гуфтааст, ки мо интизорем, ки бозор барои сармоягузорони байналмилалӣ ҳарчи бештар ҷолибтар хоҳад шуд, ки ин метавонад ба рушди иқтисодӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми минтақа оварда расонад.

“Мо бо ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамкории зич дорем. Корпоратсияҳои амрикоӣ ва байналмилалӣ кафолати шароити баробарро мехоҳанд, то ки сармоягузории онҳо бо волоияти қонун ҳифз карда шавад”- гуфтааст сафир.

Сафири ИМА дар ин мусоҳибааш гуфтааст, ки Тоҷикистон фарҳанги беназир ва аҷоиб дорад. Шоирон, ба мисли Румӣ ва Рӯдакӣ, хеле машҳуранд ва мусиқӣ дар инҷо, аз мусиқии попи анъанавӣ то мусиқии муосир хеле форам ҳастанд ва гӯш кардани онҳо хеле гуворо аст.

Поммершейм гуфтааст, ки қабл аз ин ки ба Тоҷикистон биояд, шунида буд, ки алоқаи Тоҷикистон ба шоиронаш беҳудуд аст ва вақте омад, ин шунидааш яқин шуд. Ӯ гуфтааст, ки ҳатто вақте барои писаронаш аз шоирони тоҷик порчаҳо мефиристад, онҳо ҳам таваҷҷуҳи ғайриинтизоре кардаанд. Сафири ИМА шеъри “Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон”-и Рӯдакиро дархӯри ҳоли дипломатҳое гуфтааст, ки солҳои тӯлон дар кишварҳои дигар ба дур аз наздикону пайвандонашон зиндагӣ мекунанд.

Сафир бо ишора ба шеърдӯстдориву шоиргароии тоҷик гуфтааст, ки “дар Тоҷикистон шеърро дар ҳама ҷо дидан ва шунидан мумкин аст: ҳатто вақте ки ҳамёнатонро мекушоед, шумо дар болои пулҳои кишвар шоиронро мебинед”.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳамчунин аз эҳтироми тоҷикон ба хонавода ва пиронсолон ситоиш карда, гуфтааст, ки “шояд баъзеҳо дар Иёлоти Муттаҳида аз ин огоҳ набошанд”.

Дипломати амрикоӣ гуфтааст, ки қурутоби тоҷикон барояш “махсусан писанд аст”. Ӯ ҳамчунин аз меваву сабзавоти аълои Тоҷикистон, ҳамкориҳои энергетикӣ, имконоти сайёҳии Тоҷикистон ситоиш карда гуфтааст, ки “Тоҷикистон ҳамчун яке аз зеботарин кишварҳои ҷаҳон эътибори шоиста дорад”.

Сафири ИМА гуфтааст, ки забони тоҷикиро меомӯзад ва ҳамроҳ бо ҳамсараш куҳгардӣ дар Тоҷикистонро бисёр хуш дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.