Ҷоизаи ҷашнвораи филми Муқовимати Эрон ба Искандар Усмонов расид

Ба коргардон ва филмноманависи тоҷик Искандар Усмонов, ки дар 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми “Муқовимат”-и Эрон барои филми  “Дар марз” ҷоизаи Беҳтарин филмномаи кӯтоҳи достониро соҳиб шуда буд ҷоиза ва дипломи онро фиристодаанд. Тандис ва дипломи ин ҷоиза ба Искандар Усмонов тавассути Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва шахси сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ расонида шудааст. Дар дипломи ин […]

Ба коргардон ва филмноманависи тоҷик Искандар Усмонов, ки дар 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми “Муқовимат”-и Эрон барои филми  “Дар марз” ҷоизаи Беҳтарин филмномаи кӯтоҳи достониро соҳиб шуда буд ҷоиза ва дипломи онро фиристодаанд.

Тандис ва дипломи ин ҷоиза ба Искандар Усмонов тавассути Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва шахси сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ расонида шудааст.

Дар дипломи ин ҷоиза навишта шудааст, ки “Тандис ва диплуми  ифтихор ба ҳамроҳи ҷоизаи нақдии Беҳтарин филмномаи кӯтоҳи достонӣ дар бахши мусобиқаи аслӣ дар шонздаҳумин Ҷашнвораи байнулмилалии филми Муқовимат барои асари “Дар марз” ба ҷаноби олӣ тақдим мешавад”.

Филми кӯтоҳи достонии “Дар марз”, ки коргардонаш Тинчтик Абулқосимови қирғиз аст, дар бораи пирамарди тоҷике аст, ки мехоҳад барои дидани хешовандонаш ба он сӯйи марз биравад, вале ҳангоми убури марз аз сӯйи марзбонони қирғиз боздошт мешавад.

Дар ин филм мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва таъсири он рӯйи зиндагии сокинони ду сӯйи марз ба тасвир кашида шудааст.

Ҷашнвораи филми Муқовимат имсол бар асари ҳамагирии коронавирус онлайнӣ баргузор шуд, ки коргардонҳову барандаҳои ҷоизаҳо дар хатми он ва маросими супурдани ҷоизаҳо ширкат накарданд. 

Ин филм ба ҷуз ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии филми Муқовимати Эрон, ҳамчунин ҷоизаҳои дигареро аз ҷашнвораҳои Русия низ ба даст овардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.