Парлумон ба тағйири санадҳо дар Оинномаи СААД розигӣ дод

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тағйироту иловаҳоро ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки қаблан дар сатҳи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмон қабул шуда буданд, тасдиқ карданд. Муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни суханрониаш дар ин хусус қайд кард, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд ба ҳайати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тағйироту иловаҳоро ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки қаблан дар сатҳи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмон қабул шуда буданд, тасдиқ карданд.

Муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни суханрониаш дар ин хусус қайд кард, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд ба ҳайати Шӯрои сарони кишварҳои узви СААД ба ғайр аз президентҳои кишварҳои аъзо, роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмон низ шомил шуда метавонанд.

Ғайр аз ин, тибқи тағйироти тасдиқшуда, минбаъд Дабири кулли СААД, муовини ӯ ва аъзои оилаи онҳо мақоми дахолатнопазирии дипломатӣ мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки таъсиси СААД аз имзои Шатнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ дар Тошканд (Ӯзбекистон) 15 майи соли 1992 аз ҷониби сарони кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз гардид. Баъдан соли 1993 ба он Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ҳамроҳ шуданд. Бо анҷоми расмиёт дар сатҳи миллӣ Шартнома 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.  

Соли 1999 Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Санад (Протокол) дар бораи тамдиди муҳлати амали СААД-ро ба имзо расониданд, ки бар асоси он ҳайати нави кишварҳои узв ташкил шуда, тартиби автоматии дароз кардани муҳлати амали Шартнома дар давраҳои панҷсола муқаррар шуд (Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон) аз узвият дар Созмон даст кашиданд).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.