Ба қонун дар бораи мукофотҳои давлатӣ тағйирот ворид шуд

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон" тағйирот ворид намуд, ки дар онҳо истифодаи бепули нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) барои доранагони унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст.

Қарори дахлдор дар ин хусус 17 декабри соли равон аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шудааст.

То ин дам дорандагони унвони Қаҳрамони Тоҷикистон чунин имтиёзҳо доштанд:

– иловапулии ҳармоҳа ба нафақае, ки барояш таъин шудааст, ба андозаи 100 фоиз;

– мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар навбати аввал бо манзил таъмин кардан;

– пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, ки ӯ ва аъзои оилааш дар он зиндагӣ менамоянд, инчунин пардохти хизматрасонии коммуналӣ ба андозаи 50 фоиз;

– дар мавриди эҳтиёҷ доштан ба табобати осоишгоҳи муолиҷавӣ ҳар сол додани роҳхати ройгон ба осоишгоҳ ва ё хонаҳои истироҳатӣ;

– як маротиба дар як сол дар ҳудуди Тоҷикистон рафтуомади ройгон тавассути нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё байнишаҳрӣ.

То ин дам 6 нафар унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон”-ро доранд: Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...