Мақомот: Хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошканд шояд охири январ барқарор шавад

Хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошканд шояд охири моҳи январ ё аввали феврал барқарор шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод. “Чанде пеш бо сабаби рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъияти вобаста ба коронавирус дар ҳар ду кишвар, сохторҳои марбутаи авиатсионии Ӯзбекистон моро огоҳ намуданд, ки ба барқарор кардани парвозҳои мунтазам […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошканд шояд охири моҳи январ ё аввали феврал барқарор шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод.

“Чанде пеш бо сабаби рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъияти вобаста ба коронавирус дар ҳар ду кишвар, сохторҳои марбутаи авиатсионии Ӯзбекистон моро огоҳ намуданд, ки ба барқарор кардани парвозҳои мунтазам омодаанд”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Субҳонзода, пештар бо ҳамтоёни ӯзбек мувофиқа шуда буд, ки парвозҳо аввали моҳи март барқарор карда мешаванд.

“Лекин акнун ҳар ду тараф омодаанд, ки парвозҳоро то охири моҳи январ роҳандозӣ намоянд, – иброз дошт номбурда. – Пешниҳоди ҳамтоёни ӯзбеки худро ба баррасии Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус пешниҳод карда, посухашро интизорем”.

Зимнан зикр шуд, ки дар сурати аз ҷониби ситод қабул шудани қарори мусбат, парвозҳои мунтазам байни кишварҳо барқарор карда мешаванд.

Қаблан Субҳонзода изҳор дошта буд, ки интизор меравад, парвозҳои мустақими ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд аз моҳи март сурат бигирад ва дар ин маврид миёни  ниҳодҳои ҳавонаврадии кишварҳо гуфтушунид идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.