Тоҷикистону Фаронса масоили ҳамкориро баррасӣ карданд

Даври чоруми ройзаниҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса 12 январи соли равон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайати Тоҷикистонро и.в. сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка Усмонов Фирдавс ва ҳайати Фаронсаро муовини мудири кулли Идораи қитъаи Аврупо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Даври чоруми ройзаниҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса 12 январи соли равон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайати Тоҷикистонро и.в. сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка Усмонов Фирдавс ва ҳайати Фаронсаро муовини мудири кулли Идораи қитъаи Аврупо Силвен Гиёге роҳбарӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар нишаст маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, муҳити зист, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, обу энергетика ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр мегардад, ки дар атрофи мавзӯоти мубориза бо COVID-19, таҳдиду чолишҳои муосир, тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, соли 2021 дар Париж баргузории ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Фаронса ва сафари ҳайати тоҷирони Фаронса ба Душанбе бо мақсади омӯзиши имконоти сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.