Самариддин Раҷабов тоҷике, ки ба пешвози Навалний рафта буд, гуфт “боздошт шудааст”

Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон, ки дар маҳофили сиёсии Русия фаъол аст, шоми 17-уми январ дар саҳфаи Твиттераш навишт, ки ба пешвози Алексей навалний рафта буд ва ҳамроҳи чанд нафари дигар дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав онҳоро боздошт кардаанд. Худи Навалний ҳам баъди бозгашт аз Олмон дар фурудгоҳи Шереметовои Маскав боздошт шуд. Қарор буд ҳавопаймои ҳомили Навалний дар […]

Asia-Plus

Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон, ки дар маҳофили сиёсии Русия фаъол аст, шоми 17-уми январ дар саҳфаи Твиттераш навишт, ки ба пешвози Алексей навалний рафта буд ва ҳамроҳи чанд нафари дигар дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав онҳоро боздошт кардаанд.

Худи Навалний ҳам баъди бозгашт аз Олмон дар фурудгоҳи Шереметовои Маскав боздошт шуд. Қарор буд ҳавопаймои ҳомили Навалний дар фурудгоҳи Внуково фуруд ояд, вале макони фуруди он тағйир дода шуд. Раҷабов ҳам навиштааст, ки ӯ бо мушкилоти зиёде ба фурудгоҳи Шереметова омада буд.

Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки пешвозгирандагону ҳаводорони Навалнийро ба бахши навбатдории фурудгоҳ бурдаанд. 

Самариддин Раҷабов як ҷавони зодаи Тоҷикистон аст, ки дар Русия фаъолииятҳои сиёсиву ҷамъиятӣ дорад ва соли  2019 бо иттиҳоми "кӯшиши истифода аз зӯр ба зидди мақомот" боздошт шуда буд ва баъадан 100 ҳазор ҷарима пардохту озод шуд, ки Раҷабов борҳо ин иттиҳомро рад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.