Эълони рӯзҳои парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Тошканд

Ширкати Uzbekistan Airways санаи дақиқ ва вақти барқарор шудани парвозҳои мунтазамро бо хатсайри “Тошканд-Душанбе-Тошканд” аз рӯзи 20 январ эълон кард. Аз ҷониби Ӯзбекистон парвозҳо рӯзи чоршанбе анҷом дода мешаванд: парвоз аз Тошканд ба Душанбе соати 08:00, замони расидан ба Душанбе – соати 09:00; бозгашт парвоз аз Душанбе ба Тошканд – соати 11:00 ва вақти ба […]

Ширкати Uzbekistan Airways санаи дақиқ ва вақти барқарор шудани парвозҳои мунтазамро бо хатсайри “Тошканд-Душанбе-Тошканд” аз рӯзи 20 январ эълон кард.

Аз ҷониби Ӯзбекистон парвозҳо рӯзи чоршанбе анҷом дода мешаванд: парвоз аз Тошканд ба Душанбе соати 08:00, замони расидан ба Душанбе – соати 09:00; бозгашт парвоз аз Душанбе ба Тошканд – соати 11:00 ва вақти ба Тошканд расидан – соати 12:00.

Билетҳоро аз сомонаи ширкат, дафтари кории Uzbekistan airways sales ё дафтарҳои кории агентҳо дастрас кардан мумкин аст.

Тоҷикистон ҳоло санаи дақиқ ва вақти анҷоми парвози аввалини ширкати “Сомон Эйр”-ро ба пойтахти Ӯзбекистон эълон накардааст.

Бино ба маълумоти як манбаи “Азия-Плюс”, ширкати “Сомон Эйр” парвозҳоро ба Тошканд рӯзҳои ҷумъаи ҳафта иҷро мекунад, лекин санаи дақиқ ва вақти парвоз эълон нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар робита ба беҳтар шудани вазъи марбут ба коронавирус дар ҳар ду давлат ва бо қарори ҳукумати кишвар, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус тасмим гирифт, ки ба барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд иҷоза дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.