Боздошти 10 кас дар Ӯзбекистон барои паҳнкунии овозаи рахна шудани сарбанди обанбори Қайроққум

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон аз рӯйи далели паҳнкунии овоза ва маълумоти бардурӯғ, ки байни аҳолии вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон, нигаронӣ ба бор овард, 10 нафарро боздошт намуданд. Шоми бевақти 14 январ дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекзабон дар бораи гӯё рахна шудани обанбори Қайроққум дар қаламрави Тоҷикистон маълумот нашр шуд. Бино ба иттилои хабаргузории “Дарё”-и Ӯзбекистон, ҳамаи боздоштшудагон […]

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон аз рӯйи далели паҳнкунии овоза ва маълумоти бардурӯғ, ки байни аҳолии вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон, нигаронӣ ба бор овард, 10 нафарро боздошт намуданд.

Шоми бевақти 14 январ дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекзабон дар бораи гӯё рахна шудани обанбори Қайроққум дар қаламрави Тоҷикистон маълумот нашр шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Дарё”-и Ӯзбекистон, ҳамаи боздоштшудагон аз амали содиркардаашон изҳори пушаймонӣ карда, аз ҳукумат ва шаҳрвандон маъзарат хостанд. Ҳамаи онҳо сокинони вилояти Сирдарё буда, миёнашон як зан ва блогернависи маҳаллӣ ҳузур доранд. Ба онҳо ҷаримаҳои зиёд ва ҳатто ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати ду сол таҳдид мекунад.

Овозаҳо дар бораи гӯё рахна шудани сарбанди обанбори Қайроққум байни аҳолии чанде аз ноҳияҳои вилояти Сирдарё нигарониву ташвиши зиёде ба бор овард. Он замон бархе аз сокинони ноҳияҳои Сардоб, Мирзообод ва Оқолтин шитобкорона манзилҳои худро тарк карда, дар роҳҳои мошингарди ноҳияҳои зикршуда ҳолатҳои танбашавии нақлиёт ба вуҷуд омад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.