Навалний бозгашт ва боздошт шуд

Алексей Навалний, мухолифи сарсахти Кремлин, ки баъди заҳролуд шудан дар Олмон муолиҷа мекард, ахиран дишаб ба Русия баргашт ва тавре интизор мерафт дар фурудгоҳи Шереметовои Маскав боздошт шуд.  Расонаҳои Русия навори боздошт ва бозпурсии Навалнийро нашр карда бо такя ба мақомоти Русия аз таъйиди боздошти ӯ навиштанд. Дар ҳамин ҳол ба иттилои расонаҳои русӣ ба […]

Алексей Навалний, мухолифи сарсахти Кремлин, ки баъди заҳролуд шудан дар Олмон муолиҷа мекард, ахиран дишаб ба Русия баргашт ва тавре интизор мерафт дар фурудгоҳи Шереметовои Маскав боздошт шуд. 

Расонаҳои Русия навори боздошт ва бозпурсии Навалнийро нашр карда бо такя ба мақомоти Русия аз таъйиди боздошти ӯ навиштанд. Дар ҳамин ҳол ба иттилои расонаҳои русӣ ба вакили мудофеаш иҷоза надодаанд, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад. 

Баъди қазияи заҳролуд кардани пурсару садои ин сиёсатмадори сарсахти мухолифи Путин, мақомоти Русия алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд. Ҳадс зада мешуд, ки агар аз Олмон ба Русия баргардад боздошт мешавад. Аммо Алексей навалний алорағми ин ҳушдорҳо шаби 17-уми январ ба Маскав баргашт ва боздошт шуд.

Навалний чанд лаҳза пеш аз боздошт ба хабарнигорон гуфт, аз бозгашт ба Русия "хушҳол аст" ва бовар дорад, касе ӯро дастгир намекунад.

Ӯ афзуд: "Комилан хушҳолам ва дар панҷ моҳи охир ин беҳтарин рӯзи ман аст. Олмон кишвари олист ва аз пизишкон миннатдорам, аммо инҷо хонаи ман аст. Аз ман мепурсанд, ки наметарсӣ? Ман бо ҳисси комилан хуб ба хона меравам. Барои онки ҳақ ҳастам. Медонам, ки парвандаи ба зидди ман бофта аст. Натанҳо ҳақиқат бо ман аст, балки додгоҳ низ тарафи ман аст. Маро бар асоси парвандае маҳкум карданӣ ҳастанд, ки Додгоҳи аврупоӣ ба фоидаи ман хулоса додааст. Ман аз чизе наметарсам ва аз Шумо низ мехоҳам, ки натарсед".

Навалний дар моҳи августи соли 2020, баъд аз он ки дар ҳавопаймое дар Русия заҳролуд шуд, барои муолиҷа ба шифохонаи Берлин интиқол ёфта буд.

Санҷишҳо дар Олмону Фаронса ва Шветсия тасдиқ кард буданд, ки ӯ бо заҳри низомии навъи "Новичок" заҳролуд карда шудааст. Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар ташкили ҳамла айбдор кард, аммо Кремлин иттиҳомро рад намуд.

Бо вуҷуди ин, дар рӯзҳои охир таҳқиқоти муштараки чанд расонаи хабарӣ ва сомонаҳои тахассусии бритониёӣ нишон дод, ки Хадамоти Федеролии Амнияти Русия (ФСБ) дар заҳролуд кардани Навалний дахолати мустақим доштааст.

Қаблан қарор буд ҳавопаймои ҳомили Алексей Навалний дар фурудгоҳи Внуковои Маскав поин ояд, вале ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметево нишаст. Алексей Навалний мақомоти Русияро барои тағйири ҷойи нишасти ҳавопаймо сахт танқид кард ва барои пеш омадани чунин мушкил аз мусофирон узр пурсид.

Дар ҳамин ҳол, пулиси зидди шӯриши Маскав чанде аз дӯстону ҳамкорони Навалнийро, ки барои пешвозаш ба фурудгоҳи Внуково ва Шереметево рафта буданд, боздошт кардааст. Дар миёни онҳо Любов Собол ва Руслан Шаведдинов, кормандони Бунёди мубориза бо фасод, Влад Докшин, хабарнигори нашрияи "Новая газета" ва Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон низ ҳастанд.

Пештар аз ин Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия гуфта буд, пешвои мухолифонро боздошт мекунанд, чун ӯ қоидаҳои адои зиндони шартӣ ва берун нарафтан аз Русияро риоят накардааст. Алексей Навалнийро соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.