Шаҳрдории Душанбе тарҳи нави бозори “Корвон”-ро муаррифӣ кард

Бозори бузургтарини пойтахт – “Корвон” ба таври назаррас дигаргун мешавад. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 марти соли гузашта азнавсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон”  бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шудааст. Раёсати меъмории Душанбе дар саҳифаи худ дар Фейсбук аксҳои чӣ гуна дигаргун шудани бозори “Корвон”-ро пас аз навсозӣ нашр кардааст. Тавре […]

Бозори бузургтарини пойтахт – “Корвон” ба таври назаррас дигаргун мешавад.

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 марти соли гузашта азнавсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон”  бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шудааст.

Раёсати меъмории Душанбе дар саҳифаи худ дар Фейсбук аксҳои чӣ гуна дигаргун шудани бозори “Корвон”-ро пас аз навсозӣ нашр кардааст.

Тавре аз аксҳо бармеояд, намо (фасад)-и бозор мутамарказ шуда, бо тарзу усули миллӣ ва бо чанд дарвозаи асосӣ – даромадгоҳ ва сутунпояҳои сершумор сохта мешавад.

Пас аз навсозӣ дар бозор дар ниҳояти кор таваққуфгоҳ барои автомашинаҳо сохта шуда, роҳи байни бозор аз автомашинаҳои сершумор ва ҳолатҳои танбашавии зиёди нақлиёт озод карда мешавад.

Қаблан меъмори ноҳияи Фирдавсӣ Фаридун Ҷомиев ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки дар наздикии бозори “Корвон” таваққуфгоҳи шашошёна барои 460 автомашина сохта мешавад.

“Барои ин 11 манзили зисти назди бозор тахриб (кӯчонида) шуданд. Таваққуфгоҳ аз ҳисоби ҶДММ “Корвон” сохта шуда, маблағи ҷуброни хонаҳои кӯчонидашуда низ аз ҷониби бозор пардохта шуд”, – изҳор дошта буд ӯ.

Ба истифода додани иншоот соли оянда, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки имсол моҳи сентябр таҷлил мегардад, ба нақша гирифта шудааст.

Таъмири 1,85 км масофаи роҳи байни бозори “Корвон” дар доираи лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар сурат мегирад, ки аз ҷониби БОР ва инчунин ҳаммаблағгузор – Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ сармоягузорӣ мешавад.

Корҳои таъмиру навсозии роҳ аз оғози бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии шаҳр 10 июни соли 2020 оғоз гардид.

Охири соли гузашта аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дода буданд, ки бунёди роҳи канори бозори Корвон муваққатан мавқуф гузошта шуд. Ин корҳо бояд аз сӯйи ширкати “Роҳсоз-7” дар давоми 180 рӯз ба анҷом мерасид, лекин ба далели сардии ҳаво ва боришоти ахир мавқуф гузошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.