Дар “Корвон” дигар “пробка” намешавад? Он ҷо таваққуфгоҳи чандтабақа месозанд

Дар назди бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе сохтмони аввалин таваққуфгоҳи шашсатҳа барои мошинҳо оғоз гардид, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати пойтахт. “Ба сохтмони таваққуфгоҳи шашошёна барои 460 автомашина дар наздикии бозори “Корвон” оғоз кардем. Барои ин 11 манзили зисти назди бозор тахриб (кӯчонида) шуданд. Айни замон таҳхонаи зеризаминии таваққуфгоҳ сохта шуда […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар назди бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе сохтмони аввалин таваққуфгоҳи шашсатҳа барои мошинҳо оғоз гардид, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати пойтахт.

“Ба сохтмони таваққуфгоҳи шашошёна барои 460 автомашина дар наздикии бозори “Корвон” оғоз кардем. Барои ин 11 манзили зисти назди бозор тахриб (кӯчонида) шуданд. Айни замон таҳхонаи зеризаминии таваққуфгоҳ сохта шуда истодааст. Ба истифода додани иншоот соли оянда, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” меъмори ноҳияи Фирдавсӣ Фаридун Ҷомиев.

Ӯ қайд кард, ки таваққуфгоҳ аз ҳисоби ҶДММ “Корвон” сохта шуда, маблағи ҷуброни хонаҳои кӯчонидашуда низ аз ҷониби бозор пардохта шуд.

Дар Сарраёсати меъморӣ низ хабар доданд, ки масъалаи сохтмони чунин таваққуфгоҳҳо дар дигар ноҳияҳои Душанбе мавриди баррасӣ қарор дошта, ояндаи наздик шояд бунёди яке аз онҳо дар ноҳияи Сино оғоз гардад.

Ҳанӯз охири соли 2019 бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи таваққуфгоҳҳои муосири бисёрсатҳа барои мошинҳо дар пойтахт таҳия шуд.

Он замон хабар дода буданд, ки иншооти мазкур барои бартараф кардани мушкилоти дар кӯчаву ҳавлиҳои назди хонаҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои муқаррарнашуда ба муддати тӯлонӣ гузоштани автомашинаҳо бунёд мегардад.

Зикр гардида буд, ки таваққуфгоҳҳо бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, нуқтаҳои шустани мошинҳо ва посбонии шабонарӯзӣ таъмин мешаванд.

Дар шаҳрдорӣ қайд карда буданд, ки таваққуфгоҳҳои аз чор то шашошёна дар ноҳияҳои гуногуни пойтахт бо назардошти шумори автомашинаҳои дар онҳо сабтшуда сохта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?