Ба парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд расман иҷоза шуд

Аз имрӯз ба анҷоми парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Тошканд иҷоза шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода. “Вобаста ба рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи марбут ба коронавирус дар ҳар ду кишвар ва бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус тасмим гирифт, ки ба барқарор шудани […]

Аз имрӯз ба анҷоми парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Тошканд иҷоза шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

“Вобаста ба рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи марбут ба коронавирус дар ҳар ду кишвар ва бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус тасмим гирифт, ки ба барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд иҷоза дода шавад. Акнун ҳар ду ҷониб ба иҷрои парвозҳо омода буда, билетҳо ба наздикӣ ба фурӯш бароварда мешаванд”, – қайд кард Субҳонзода.

Ба гуфтаи вай, бо хатсайри самти Душанбе-Тошканд ва бозгашт парвозҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” анҷом медиҳанд.

“Ҳар кадоме аз ширкатҳо дар як ҳафта як парвоз анҷом медиҳад: рӯзи чоршанбе – “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” ва рӯзи ҷумъа – “Сомон Эйр”, – иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин Субҳонзода изҳор дошт, ки ҳамаи мусофирони раҳсипор аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ё бозпас ҳатман бояд ҳамаи тадбирҳои эҳтиёту пешгириро риоя намоянд.

“Мусофироне, ки дар онҳо таби баланд ё аломатҳои беморӣ ошкор мешавад, инчунин мусофироне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро, ки на дертар аз 72 соати пеш аз парвоз ба даст овардаанд, бо худ надошта бошанд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд”, – таъкид дошт директори Агентӣ.

Дар мавриди харидани билет ва дарёфти маълумоти бештар муфассал метавон ба нуқтаҳои фурӯши билетҳо ё намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ муроҷиат намуд.

Бо назардошти он ки имрӯз ҷумъа асту дар бораи хатсайр ба Тошканд эълоне нашудааст, ба гумони ғолиб, парвозҳо аз ҳафтаи оянда шурӯъ мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Сомон Эйр” хабар доданд, имрӯз ба Тошканд парвоз анҷом дода намешавад ва ҳамчунин ҳоло маълум нест, ки парвози аввалро ширкат кай ба анҷом мерасонад.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи "Uzbekistan Airways" дар бораи хатсайр ба Душанбе рӯзи 20 январ хабар дода мешавад, ки билетҳо ба он аллакай фурӯхта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки алоқаи ҳавоӣ байни Тошканд ва Душанбе аз 16 марти соли 2020 қатъ шуд. Айни замон барои равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳар ду кишвар тариқи сарҳади заминӣ қисман иҷоза дода шудааст.

Алҳол барои се категорияи шаҳрвандон: ба касоне, ки дар мактабҳои олии кишварҳо таҳсил мекунанд; касоне, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд ва шахсоне, ки аз Ситодҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.