ВҲФ Русия ду тоҷикро барои хомӯш кардани сӯхтор қадрдонӣ кард

Date:

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ду нафар дӯстон – зодагони Тоҷикистони муқими шаҳри Санкт-Петербург Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаровро бо мукофот қадрдонӣ кард: аввали моҳи декабр онҳо ба хомӯш кардани сӯхтор дар як хона кумак карданд, хабар медиҳад “МИР 24”.

Аввали моҳи декабр дар як бинои истиқоматии шаҳри Всеволжски наздикиҳои Петербург шоми бевақт бар асари таркиши зарф (баллон)-и газ сӯхтор сар зад. Дарҳол аз тирезаҳо дуди зиёд баромад. Зариф ва Фаррух, ки дар бинои паҳлӯи дигари роҳ зиндагӣ мекарданд, дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Онҳо ҳамроҳи ҳамсояҳо ҷиҳати аз хонаҳо ба ҷойи бехавф баровардани сокинони бино ёрӣ расониданд. Вақте мутмаин шуданд, ки ҳама дар ҷойи бехавфанд, ба хомӯш кардани сӯхтор сар карданд. Нафаскашӣ душвор буду дуди ғализ чашмҳоро хира мекард. То ҳозир шудани оташнишонон мардон сӯхторро бо об хомӯш мекарданд.

Фаррух Умаров ва Зариф Ниёзов дар як ҳавлӣ дар Тоҷикистон ба воя расида, Зариф аллакай муддати 14 сол инҷониб муқими Русия ва шаҳрвандии ин кишварро дораду дар корхонае (завод) кор мекунад. Фаррух қариб 4 сол пеш ба Русия омада, ронандаи таксӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...