ВҲФ Русия ду тоҷикро барои хомӯш кардани сӯхтор қадрдонӣ кард

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ду нафар дӯстон – зодагони Тоҷикистони муқими шаҳри Санкт-Петербург Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаровро бо мукофот қадрдонӣ кард: аввали моҳи декабр онҳо ба хомӯш кардани сӯхтор дар як хона кумак карданд, хабар медиҳад “МИР 24”. Аввали моҳи декабр дар як бинои истиқоматии шаҳри Всеволжски наздикиҳои Петербург шоми бевақт бар асари таркиши […]

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ду нафар дӯстон – зодагони Тоҷикистони муқими шаҳри Санкт-Петербург Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаровро бо мукофот қадрдонӣ кард: аввали моҳи декабр онҳо ба хомӯш кардани сӯхтор дар як хона кумак карданд, хабар медиҳад “МИР 24”.

Аввали моҳи декабр дар як бинои истиқоматии шаҳри Всеволжски наздикиҳои Петербург шоми бевақт бар асари таркиши зарф (баллон)-и газ сӯхтор сар зад. Дарҳол аз тирезаҳо дуди зиёд баромад. Зариф ва Фаррух, ки дар бинои паҳлӯи дигари роҳ зиндагӣ мекарданд, дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Онҳо ҳамроҳи ҳамсояҳо ҷиҳати аз хонаҳо ба ҷойи бехавф баровардани сокинони бино ёрӣ расониданд. Вақте мутмаин шуданд, ки ҳама дар ҷойи бехавфанд, ба хомӯш кардани сӯхтор сар карданд. Нафаскашӣ душвор буду дуди ғализ чашмҳоро хира мекард. То ҳозир шудани оташнишонон мардон сӯхторро бо об хомӯш мекарданд.

Фаррух Умаров ва Зариф Ниёзов дар як ҳавлӣ дар Тоҷикистон ба воя расида, Зариф аллакай муддати 14 сол инҷониб муқими Русия ва шаҳрвандии ин кишварро дораду дар корхонае (завод) кор мекунад. Фаррух қариб 4 сол пеш ба Русия омада, ронандаи таксӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.