Баъди 2 моҳи бекорӣ: мансаби нави шаҳрдори пешини Хуҷанд

Маъруф Муҳаммадзода  шаҳрдори пешини  Хуҷанд  баъди ду моҳи барканори аз мақоми раиси шаҳри  Хуҷанд  дар ҳукумати вилояти Суғд мансаби нав гирифтааст.  Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия плюс” хабар доданд. Як манбаъ аз ҳукумати вилоят гуфт, ки рӯзи душанбе, 18.01.2021  Маъруф Муҳаммадзода мудири  бахши  сохтмони дастгоҳи раиси вилояти Суғд  таъин гардидааст. Ин бахш […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Маъруф Муҳаммадзода  шаҳрдори пешини  Хуҷанд  баъди ду моҳи барканори аз мақоми раиси шаҳри  Хуҷанд  дар ҳукумати вилояти Суғд мансаби нав гирифтааст.  Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия плюс” хабар доданд.

Як манбаъ аз ҳукумати вилоят гуфт, ки рӯзи душанбе, 18.01.2021  Маъруф Муҳаммадзода мудири  бахши  сохтмони дастгоҳи раиси вилояти Суғд  таъин гардидааст. Ин бахш аз мансабҳои калидӣ дониста мешавад, ки бино ба навиштаи торнамои ҳукумати вилоят ваколатҳои зиёде дорад. 

Маъруф Муҳаммаадзодаи 59- сола  аз моҳи марти соли 2017 шаҳрдори Хуҷанд буд, ки 18-уми ноябри соли 2020 дар паи тағйироти барканор шуда буд.

Маъруф Муҳаммадзода  Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро дар риштаи муҳандиси  сохтмон  хатм карда, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Аз ҷумла ӯ солҳои 2003 – 2005 муовини Раиси кулли ҶСК «Суғдсохтмон»-и шаҳри Хуҷанд,  солҳои 2005 – 2011 директори ҶСК «Калоннаи сайёри механиконидашудаи 119»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2011 – 2014 муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2014 – 2015 мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2015-2017  муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва то 18-уми ноябри соли 2020 дар мақоми  раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.