Оё мешавад аз Тоҷикистон ба Қазоқистон тариқи Ӯзбекистон тронзит сафар кард?

Баъди барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошканд бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш карданд, ки бо транзит тариқи Ӯзбекистон ба Қазоқистон раванд. Лекин ин ба онҳо муяссар нашуд. Ҳамчунин талошҳои тоҷикистониён баҳри ба Қазоқистон рафтан тарқи Ӯзбекистон бо роҳи заминӣ низ бенатиҷа анҷом ёфт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Баъди барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошканд бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш карданд, ки бо транзит тариқи Ӯзбекистон ба Қазоқистон раванд.

Лекин ин ба онҳо муяссар нашуд. Ҳамчунин талошҳои тоҷикистониён баҳри ба Қазоқистон рафтан тарқи Ӯзбекистон бо роҳи заминӣ низ бенатиҷа анҷом ёфт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи Тошканд ё дигар кишварҳо мехоҳанд ба Қазоқистон раванд, ҳатман бояд бо худ иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Қазоқистон ҷиҳати вуруд ба қаламрави ин кишварро дошта бошанд.

“Ҳафтаи гузашта, замоне, ки пас аз таваққуфи тӯлонӣ парвози аввалин бо хатсайри Душанбе-Тошканд ба иҷро расид, чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз расидан ба фурудгоҳи пойтахти Ӯзбекистон хостанд, ки ба хатсайри ҳавоии самти Алмаато билет харанд, лекин сохтори марбутаи Ӯзбекистон фурӯхтани билетро ба онҳо бо сабаби надоштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Қазоқистон ҷиҳати вуруд ба қаламрави ин кишвар рад кард”, – қайд кард манбаъ.

Ҳамчунин бо худ доштани маълумотнома дар бораи сироят надоштан аз COVID-19, ки тариқи гирифтани тест на дертар аз 72 соат то расидан ба Қазоқистон дода шудааст, зарур аст.

Ба таъкиди манбаъ, баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Қазоқистон сафар кардан мехостанд, аз сохторҳои давлатии Қазоқистон даъватнома доштанд, лекин ин ҳам ба инобат гирифта нашуд ва дар ин ҷо ҳам далел оварда шуд, ки доштани иҷозатномаи расмии Ситоди чумҳуриявии муовимат бо коронавируси Қазоқистон лозим аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.