Оғози бозиҳои Лигаи футболи кӯдакону наврасони “Футбол ба назди шумо меояд”-и Tcell

Лигаи футболи кӯдакон ва наврасон "Футбол ба назди шумо меояд" барои оғози мавсими соли 2021 омода аст. Ин аллакай ҳаштумин лоиҳаи мавсими бозиҳол аст ва тибқи анъана, оператори пешсафу навовари кишвар – ширкати Tcell сарпарасти асосӣ ва шарики лоиҳа мегардад. Лигаи футболи кӯдаконаи маҳаллаҳо «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» дар соли 2021 ба […]

Лигаи футболи кӯдакон ва наврасон "Футбол ба назди шумо меояд" барои оғози мавсими соли 2021 омода аст. Ин аллакай ҳаштумин лоиҳаи мавсими бозиҳол аст ва тибқи анъана, оператори пешсафу навовари кишвар – ширкати Tcell сарпарасти асосӣ ва шарики лоиҳа мегардад.

Лигаи футболи кӯдаконаи маҳаллаҳо «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» дар соли 2021 ба 30- солагии таҷлили Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди таъсиси ширкати Tcell бахшида мешавад.

Имсол лоиҳаи "Футбол ба назди шумо меояд" дар ду марҳила дар тамоми минтақаҳои кишвар баргузор мешавад. Имкон дорад, дар давраи муқаддамотӣ шумораи зиёди дастаҳо барои иштирок дар мусобиқа дархост диҳанд. 16 дастаи беҳтарин дар чор категорияи синну сол ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозиҳои ниҳоӣ (финалӣ) мутаносибан дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва инчунин дар майдони тамрини Академияи футболи ФФТ дар Алмосӣ баргузор мешаванд.

Солҳои охир бо дастгирии Tcell Лигаи футболи кӯдакон шумораи зиёди наврасону ҷавононро дар саросари кишвар ба ин намуди варзиш ҷалб намуд. Дар лоиҳа кӯдакони аз 6 то 12-сола ширкат варзиданд.

Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур дар ниҳоди кӯдакону наврасон бедор кардани ҳисси шавқу муҳаббат ба футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Tcell бо дастгирии Лигаи футболи кӯдакон «Футбол ба назди шумо меояд», дар бораи насли ҷавон ғамхорӣ мекунад, зеро маҳз дар айёми хурдсолӣ асос ва заминаҳои ҳаёти солим гузошта мешаванд.

Барои Tcell пуштибонӣ аз тарҳи “Футбол ба назди шумо меояд” ҷузъи муҳими масъулияти иҷтимоии ширкат маҳсуб меёбад. Чунин лоиҳаҳо дар кӯдакон рӯҳияи рақобатпазирӣ, саъйу кӯшиш, эътимоду боварӣ ба пирӯзиро ба вуҷуд оварда, онҳоро ба роҳи дуруст равона менамояд. 

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.