Ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Рӯзҳои 26-29 январ дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷаласа дар Душанбе аввалин чорабинии муҳим дар ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Созмон дар соли 2021 маҳсуб меёбад. Дар ҷаласа баррасии ҷараёни омодагӣ […]

Рӯзҳои 26-29 январ дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷаласа дар Душанбе аввалин чорабинии муҳим дар ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Созмон дар соли 2021 маҳсуб меёбад.

Дар ҷаласа баррасии ҷараёни омодагӣ ба чорабиниҳои асосӣ дар доираи Созмон, аз ҷумла ҷашни 20-умин солгарди таъсисёбии СҲШ (моҳи сентябри соли 2021) дар назар аст.

Ҳамоҳангсозони миллӣ инчунин лоиҳаҳои аснодеро, ки ба имзо дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ рӯҳои 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе пешбинӣ шудааст, амалисозии ташаббусҳои дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар соли 2020 садодаро низ баррасӣ мекунанд.

Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ фаъолияти ҷории СҲШ-ро ҳамоҳанг сохта, ҳамкории мутақобилаи вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои узви Созмонро таъмин мекунад.

Раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхайро Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 ба уҳда гирифт.

Раёсати Тоҷикистон ба ҷашни 20-умин солгарди таъсисёбии Созмон тавъам меафтад, ки таҳти унвони “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ ба хотири субот ва шукуфоӣ” баргузор мешавад.

Ба СҲШ Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон шомил мебошанд.

Афғонистону Беларус ва Эрону Муғулистон ба сифати кишварҳои нозир ва Озарбойҷону Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка – ба сифати давлатҳои шарики Созмон пазируфта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар Душанбе барои қабули меҳмонони воломақом – сарони кишварҳои узви СҲШ сохтмони 10 қароргоҳи нав ҷараён дорад. Он дар мавзеи қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон, воқеъ дар дар хиёбони Рӯдакӣ сохта мешавад. Тибқи нақшаи ҳукумат, сохтмони онҳо бояд то моҳи августи соли 2021 ба анҷом расад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.