Кадом рӯзҳо ва бо чанд пул метавон аз Душанбе ба Тошканд парвоз кард?

Рӯзи 20 январ пас аз таваққуфи тӯлонӣ аввалин парвоз бо хатсайри мунтазам аз Тошканд ба Душанбе анҷом дода шуд. Аз дар кадом рӯзҳо сурат гирифтани парвозҳо байни шаҳрҳо ва арзиши битеҳои он огаҳӣ ёфтем. Парвози наздиктарин бо хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд рӯзи 27 январ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» ба нақша гирифта шудааст. Лекин билетҳои дараҷаи […]

Рӯзи 20 январ пас аз таваққуфи тӯлонӣ аввалин парвоз бо хатсайри мунтазам аз Тошканд ба Душанбе анҷом дода шуд. Аз дар кадом рӯзҳо сурат гирифтани парвозҳо байни шаҳрҳо ва арзиши битеҳои он огаҳӣ ёфтем.

Парвози наздиктарин бо хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд рӯзи 27 январ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» ба нақша гирифта шудааст. Лекин билетҳои дараҷаи иқтисодӣ (эконом-класс)  ба ин парвоз аллакай фурӯхта шуда, танҳо блетҳои дараҷаи тиҷорӣ (бизнес-класс) боқӣ мондааст.

Аз Тошканд ҳамчунин рӯзи 3 феврал иҷрои парвоз пешбинӣ шудааст. Арзиши билет дар дараҷаи иқтисодӣ – 1794 сомонӣ ва дараҷаи тиҷорӣ – 3 ҳазору 398 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, аз 29 январ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро ба самти Тошканд барқарор мекунад. Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба – рӯзҳои ҷумъа сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе – соати 10:30 ва аз Тошканд – соати 13:00 ба вақти маҳаллӣ таъин шудааст

Дар нуқтаҳои фурӯши билетҳо ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки нархи билетҳо ба парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” бо хатсайри Душанбе-Тошканд 1809 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши сафар бо хатсайри Душанбе-Тошкандро доранд, бояд маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро, ки на дертар аз 72 соати пеш аз парвоз ба даст овардаанд, дошта бошанд.

Қобили зикр аст, ки алоқаи ҳавоӣ байни Тошканд ва Душанбе аз 16 марти соли 2020 қатъ шуда, рӯзи 15 январи соли 2021 дар бораи барқарор намудани парвозҳои мунтазам байни кишварҳо қарор қабул шуд.

Айни замон барои равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳар ду кишвар тариқи сарҳади заминӣ қисман иҷоза дода шуд. Алҳол барои се категорияи шаҳрвандон: ба касоне, ки дар мактабҳои олии кишварҳо таҳсил мекунанд; касоне, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд ва шахсоне, ки аз Ситодҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.