Палатаи намояндагон ба ҷонибдории барканории Доналд Трамп аз мансаби президентӣ овоз дод.
Тавре Медуза хабар медиҳад, аъзои палата (конгрессменҳо) Трампро аз рӯйи ду моддаи айбнома – суистеъмол аз мансаб (230 овоз дар сурати зарурати 216 овоз) ва эҷоди монеа ба кори конгресс (229 овоз) гунаҳкор донистанд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар ҳайати пурра мухолиф раъй доданд.
Айбнома аз рӯйи суистеъмол аз мансаб (ҳокимият) барои кӯшишҳои Трамп дар мавриди баргузории тафтишот аз ҷониби ҳукумати Украина нисбат ба писари рақиби имкопазири худ дар интихоботи президентӣ Ҷо Байден рӯйи кор омаданд. Дар монеагузорӣ ба кори конгресс президентро пас аз он айбдор карданд, ки ӯ ба маъмурияти худ иштирокро дар тафтишоти анҷоми расмиёти импичмент ё худ изҳори нобоварӣ манъ кард.
Акнун барои аз сари ҳокимият барканор кардани Трамп, ба тарафдорӣ овоз додани аз се ду ҳиссаи сенаторҳо лозим аст. Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин сурат гирифтани кор аз эҳтимол дур аст, зеро аксари овозҳоро дар сенат ҷумҳурихоҳон доранд.
Пас аз Эндрю Ҷонсон (соли 1868) ва Билл Клинтон (соли 1998) Трамп сеюмин раисҷумҳури ИМА аст, ки барои эълони изҳори нобоварӣ ба ӯ палатаи намояндагон овоз дод. Овоздиҳӣ дар мавриди импичменти Ҷонсон ва Клинтон ба нафъи онҳо сурат пазируфта, онҳо сари мансаб боқӣ монда буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.