Дарёфти ҷасади боз як ҷавони хунукзада дар кӯҳҳои Хоҷамастон

Date:

Ҷасади сокини 23-солаи деҳаи Зағертути ҷамоати Ваҳдати шаҳри Леваканд Рустам Саидов дар як нишебии кӯҳҳои Хоҷамастон дарёфт шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, 21 январ се нафар сокинони ин деҳа барои ҷустуҷӯи чорвои хонагиашон ба кӯҳ баромада, дигар барнагашта буданд.

Корҳои ҷустуҷӯи ҷасадҳои онҳо якчанд рӯз идома ёфта, лекин натиҷае ҳосил нашуд.

Нимаи рӯзи 29 январ дар қаламрави ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷомӣ дар кӯҳи Хоҷамастон ҷасадҳои падару писар – Баён Солеҳови 45-сола ва Муҳтоҷиддини 15-сола дар оғӯши ҳамдигар дарёфтанд.

Ҷасадҳо қариб 3 километр дуртар аз макони ҳисти фавтидагон пайдо шуданд. Сабаби марги онҳо хунукзадагӣ арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...