Пешниҳод шуд, ки дар Тоҷикистон театри хос барои маъюбон бунёд шавад

Сайрам Исоева ҳунарпешаи маъруфи тоҷик баъди тамошои намоиши “Мурғобичаи безеб” дар театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд, ки дар он кӯдакони имкониаташон маҳдуд, хоҳарон ва  волидайни онҳо нақш иҷро кардаанд, пешниҳод кард дар Тоҷикистон барои ин нафарон театри хос бунёд шавад. Аз  22 нафаре, ки дар ин намоиш нақш офариданд […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Сайрам Исоева ҳунарпешаи маъруфи тоҷик баъди тамошои намоиши “Мурғобичаи безеб” дар театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд, ки дар он кӯдакони имкониаташон маҳдуд, хоҳарон ва  волидайни онҳо нақш иҷро кардаанд, пешниҳод кард дар Тоҷикистон барои ин нафарон театри хос бунёд шавад.

Аз  22 нафаре, ки дар ин намоиш нақш офариданд 14 нафари онҳо  кӯдакони дорои маъюбият будаанд.

Ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Сайрам Исоева, ки барои тамошои намоиш омада буд, гуфт: “Ин кӯдакон аз баъзе ҳунармандони дипломдори мо хубтар нақши худро офариданд. Тавсия медиҳам, ки барои чунин нафарон театр бунёд карда шавад”.

Умар Алиев, ҳунарпешаи дигар аз маҳорати маъюбон ситоиш карда гуфт, ки  дари факултаи санъат барои инҳо ҳамеша боз аст. Ман омода ҳастам, ки бо онҳо кор кунам, чунки худам ҳам маъюби гуруҳи якум ҳастам ва медонам, ки онҳо ба чӣ гуна мушкилиҳое рӯ ба рӯ намешаванд. Бояд ҳамеша  пеш рафт.

“ Ман ба Шумо сари таъзим фуруд мерам. Аз нақшаву орзуҳои хеш даст накашед. Ба пеш равед. Тавсия медиҳам, ки дар сатҳи давлат ин намоишнома ба ҳама мактабҳои шаҳри Хуҷанд намоиш дода шавад”.

Намоишро   коргардони  театр  ва  синамо Темури  Султон  таҳия кардааст. Ӯ гуфт, ки дар рафти намоиш бачаҳо  тавонистанд чанд маротиба аҳли нишастро хандонанду гирёнанд. Умед надоштам, ки чунин намоиши диданӣ омода шаваду тамошобинон онро хуш қабул кунанд, зеро  аксари  кӯдаконе, ки ин ҷо омада буданд, ҳатто  барои савол  додан  бисёр  шарм  медоштанд ва  ё  дарди  дили  хешро  пинҳон  медоштанд.

“Душвор аст бо ин гурӯҳи ҷамъият  кор карданд, чунки  барои гап задан ҳам шарм медоранд.  Давоми 6 моҳ,  моҳе чор  маротиба бо онҳо кор кардем. Ба онҳо аввал маҳорати актёриро омӯхтем, баъдан дар бораи чӣ гуна ба саҳна баромада сухан гуфтанд, эҳсосотро баён  кардан ва нозукиҳои саҳнаро омӯхтем. Ҳунари ҳар нафар нест, ки дар саҳна баромада гап зада тавонад”, – мегӯяд Темури Султон.

Сарвиноз Масобироваи 17-сола яке аз ин маъюбон мебошад, ки бар асари ҳодисаи нохуш соли 2011-ум  аз ду дасташ маҳрум гардид.  Сарвиноз  давоми  6 моҳ   барои иҷрои нақши асосии намоишнома  омодагӣ дид.

“Чи тавре модар ба  фарзандаш роҳравиро меомӯзонад муаллим, яъне коргардон давоми 6 моҳ барои мо чӣ гуна дар саҳна сухан гуфтанд, чӣ тавр рафтор намуданро омӯхтанд. Ман  нақши асосиро,  яъне Мурғобичаи безебро  бозидам”,-гуфт ӯ.

Парвина   Акбарова соҳиби  ду фарзанд  аст, ки  яке  аз онҳо имкониати маҳдуд  дорад. Вай дар ин намоиш нақши  модари  қаҳрамони асосиро  иҷро намуд.

“Ин нақш ба ҳаёти ман наздик аст, чун  он дарде,  ки аз сар гузаронидем дар ин намоишнома нишон додем”,-таъкид кард Парвина.

Намоиши “Мурғобичаи  безеб” ҳудуди 40 дақиқаро фаро гирифта,  аз рӯи асари Ганс Христиан Андерсен дар тарҷумаи Сабоҳат Ахмедова  таҳия шудааст.

Дар намоишнома  қисса  дар бораи як чӯҷаи мурғи марҷон меравад, ки иштибоҳан мурғобӣ дар қатори тухмҳои дигар гузоштаасту чӯҷача таваллуд шудааст. Аз рӯзи таваллуд ба ҷомеаи мурғобичаҳо барояш ба қавле “рӯз нишон намедоданд”.  

Таҳқир ва танқидҳо сабаб мегардад, ки ӯ  хонаро тарк карда, аз модараш ҷудо шавад. Дар роҳ бо гурба ва гург рӯ ба рӯ шуда, ба душворӣ аз онҳо халос мешавад. Дар ниҳоят қуҳои сафед ва зеборо мебинаду бо онҳо парвоз карданро меомӯзад. Дар охир аҳли парандаҳои ҳавлӣ, ки мурғобичаи безебро таҳқир мекарданд, аз ӯ узр мепурсанд.

Таҳиягарон ғараз аз таҳияи ин намоиш аз миён бурдани зеҳниятҳои шахшудае  маънидод мекунанд,  зеро ки нафарони дорои маъюбият аз сӯи нафарон бисёре  дар ҷомеаи мо на он қадар  хуш истиқбол карда мешаванд.

Аз рӯи маълумоти оморӣ дар ҷаҳон теъдоди  кӯдакони  имкониаташон  маҳдуд ,  тақрибан  270 млн  нафарро ташкил медиҳад, ки 10 %-и онҳо кӯдакони то 18-сола мебошанд.  

Намоишномаи мазкур дар доираи як  лоиҳа аз ҷониби Ташкилоти ҷамъияттии “Рангинкамон” бо  маблағгузории Институти “Ҷамъияти кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ҳамоҳангсози лоиҳа Хиромон Абророва гуфт, ки мақсади   роҳандозии лоиҳа таваҷҷӯҳ  намудан ба ин  қишри  аҳолӣ  мебошад, то ки онҳо худро дар ҷомеа  яккаву танҳо эҳсос  накунанд.

Равоншинос Ҳусейн Зайтметов мегӯяд, ки бо чунин роҳ ҷалб кардани кӯдакони имконияташон маҳдуд барои рушди онҳо аз нигоҳи равонӣ бисёр кӯмак мекунад .

Ин қадар  нақшҳоро хуб офариданд, ки ман дар оғоз ҳатто фикр кардам, ки инҳо актёри касбӣ ҳастанд.  Аз нигоҳи равонӣ  театр  равандҳои маърифатии онҳоро инкишоф медиҳад, яъне  хотира диққат, овоз, нутқ  ҳамаашро рушд медиҳад. Аз ҳама асосияш дар илми равоншиносӣ  маҳфуми эмпатия аст,  яъне ҳамдардӣ карда тавонистанд,  яъне ҳиссиёти моро бедор карда тавонистанд, ки мо ҳам гияр кардему ҳам ашки шодӣ рехтем. Ин беҳтарин роҳ аст,-мегӯяд Зайтметов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ