Жээнбеков ба Ҳаҷҷ рафт ё Қирғизистонро тарк кард?

Президенти собиқи Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо аҳли хонаводааш ин кишварро тарк кардааст. Хабаргузории 24.kg ба истинод ба манбаъҳои наздик сарвари собиқи давлат ин хабарро расонаӣ кардааст. Сооронбой Жээнбеков 28-уми январ дар маросими савгандёдкунии Содир Ҷаббаров президенти тозаинтихоби Қирғизистон ҳузур дошт. Хабаргузориҳои қирғизӣ навиштааст, Жээнбековаз аз фурудгоҳи байналмилалии Манас ба Истамбул ва сипас ба Ҷидаи Арабистони Саудӣ […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Президенти собиқи Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо аҳли хонаводааш ин кишварро тарк кардааст. Хабаргузории 24.kg ба истинод ба манбаъҳои наздик сарвари собиқи давлат ин хабарро расонаӣ кардааст. Сооронбой Жээнбеков 28-уми январ дар маросими савгандёдкунии Содир Ҷаббаров президенти тозаинтихоби Қирғизистон ҳузур дошт.

Хабаргузориҳои қирғизӣ навиштааст, Жээнбековаз аз фурудгоҳи байналмилалии Манас ба Истамбул ва сипас ба Ҷидаи Арабистони Саудӣ парвоз кард. Котиби муатбуотии Сооронбой Жээнбеков ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, президенти пешин субҳи 2-юми феврал ҳамроҳи ҳамсараш барои адои маросими Умра (Ҳаҷҷи Умра) ба Макка сафар кард.

Бархе аз расонаҳои дигари қирғизӣ навиштаанд, ки Жээнбеков кишварро тарк кардааст, зеро ӯ бояд 3 феврал дар  додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек дар парвандаи муовини собиқи сарвазир Дуйшенбек Зилалиев шоҳидӣ медод.

Аммо сухангӯйи Жээнбеков гуфтааст “Сооронбой Жээнбеков ин сафарро аз моҳи ноябри соли 2020 ба нақша гирифта буд. Азбаски, бо назардошти пандемия, вуруд барои ҳоҷиён маҳдуд карда шудааст, тибқи тартиби муқарраршуда барои адои маросими Умра, розигии расмии ҷониби Саудӣ лозим буд, ки  ризоият дар аввали моҳи феврали соли 2021 гирифта шуд”.

Вай илова кардааст, ки Умра беш аз 10 рӯз идома хоҳад кард ва сипас Сооронбой Жээнбеков ба Бишкек бармегардад.

Ҳамчунин бархе ширкатдорони рӯйдодҳои октябр дар Қирғизистон дархост карданд, ки президенти собиқ аз сӯйи  Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Издиҳоми рӯйдодҳои моҳи октябр бар он боваранд, ки Сооронбай Жээнбеков ҳақ надошт, ки фармони пароканда кардани гирдиҳамоии 5 октябрро содир кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ